Машварати САҲА оид ба иҷроиши ухдадориҳои меъёри инсонӣ

Чанде қабл дар Душанбе машварати шашуми ҳамасолаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо оид ба баррасии иҷроиши ўҳдадориҳо бахшида ба меъёри инсонӣ баргузор шуд, ки дар кори он намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон иштирок карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари САҲА дар Тоҷикистон хабар доданд, машварати мазкур, ки дар остонаи  машварати ҳамасолаи САҲА оид ба […]

Пайрав Чоршанбиев


Чанде қабл дар Душанбе машварати шашуми ҳамасолаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо оид ба баррасии иҷроиши ўҳдадориҳо бахшида ба меъёри инсонӣ баргузор шуд, ки дар кори он намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон иштирок карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари САҲА дар Тоҷикистон хабар доданд, машварати мазкур, ки дар остонаи  машварати ҳамасолаи САҲА оид ба баррасии иҷроиши ўҳдадориҳо бахшида ба меъёри инсонӣ дар Варшава баргузор мегардад, ба сифати ҳамоиши кушода барои баррасии масоили муҳим дар соҳаҳои риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун хизмат мекунад.

Рӯзномаи машварат бо кӯшишҳои муштараки намояндагони ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мусоидати Дафтари САҲА дар ҶТ тартиб дода шуд. Дар ҷаласаҳо масъалаҳои озодии баён ва ВАО-и нав, озодӣ аз шиканҷа, озодии мазҳаб, дастрасӣ ба адолати судӣ, ҳуқуқи инсон ва мубориза бо терроризм, ҳуқуқ ба моликият ва кӯчонидани маҷбурӣ, меъёрҳои демократӣ ва иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Соли равон дар машварати мазкур зиёда аз 120 нафар кормандони сохторҳои давлатӣ ва беш аз 30 нафар намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва аҳзоби сиёсӣ аз минтақаҳо дар ҳамроҳӣ бо шарикони миллӣ ширкат варзиданд.

«Баррасиҳои фаъолона дар машварати соли равон иродаи умумии намояндагони ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандиро таҷассум месозанд, ки ба андешидани тадбирҳо ҷиҳати такмили асосҳои ҳуқуқӣ барои ҳифзи ҳуқуқи инсон ва амалисозии воқеии қонунгузорӣ равона шудаанд», – зикр кард дар машварат роҳбари Дафтари САҲА дар ҶТ Ивар Викки.

Ба гуфтаи сардори Раёсати кафолатҳои конститутсионии шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Музаффар Ашӯров, тавсияҳо оид ба масоили калидӣ дар бахши риояи ҳуқуқи инсон, ки аз рӯйи натиҷаҳои машварат омода мегарданд, ба инобат гирифта хоҳанд шуд. «Онҳо ба мо дар таҳияи сиёсати муассир барои такмили асосҳои ҳуқуқиии ҳифзи ҳуқуқи инсон кӯмак мекунанд», – афзуд Ашӯров.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.