Истаравшан: Соҳибхона ҳамсару келинашро ба қатл расонид

Дар ноҳияи Истаравшан як соҳибхона ҳамсар ва келинашро ба қатл расонид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл бевақтии шаб дар манзили сокини 47-солаи ҷамоати Қалъаи Баланди ноҳияи Истаравшан Ғайбулло Насруллоев ҷанҷоли оилавӣ рух дода, дар натиҷа соҳибхона ба ҳамсари 45-сола ва келини 23-солааш бо табар якчанд […]

Мавлуда Рафиева


Дар ноҳияи Истаравшан як соҳибхона ҳамсар ва келинашро ба қатл расонид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл бевақтии шаб дар манзили сокини 47-солаи ҷамоати Қалъаи Баланди ноҳияи Истаравшан Ғайбулло Насруллоев ҷанҷоли оилавӣ рух дода, дар натиҷа соҳибхона ба ҳамсари 45-сола ва келини 23-солааш бо табар якчанд зарба мезанад.

«Аз ҷароҳатҳои бардошта ҳамсару келини Ғ.Насруллоев дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел дар прокуратураи шаҳри Истаравшан мутобиқи моддаи 104, қ. 2-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 5 моҳи соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 16 далели одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.