Вазорати маориф: Ба гузаштан ба хатти арабӣ зарурат нест

Date:


Дар Тоҷикистон барои гузаштан ба дигар хат ҳеҷ зарурате нест, – гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири маорифи ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов.

«Ҷумҳурии мо чандин бор аз ин марҳилаҳо гузаштааст ва мо хубӣ аз он огаҳем. Ғайр аз ин, таҷрибаи ҳамсоякишварҳо гувоҳи он аст, ки ба ин зарурате мавҷуд нест», – зикр кард вазир дар робита ба шарҳи маводи зиёд дар матбуот оид ба зарурати гузаштан аз хатти кириллӣ ба арабӣ.

«Агар касе хоҳиши омӯхтани ин хатро дошта бошад, бигзор биомӯзад, – гуфт вай. – Дар барномаи таълимии макотиби таҳсилоти умумӣ фанни «Алифбои ниёгон» мавҷуд аст».

Ӯ таъкид кард, ки аксари олимону адабиётшиносони кишвар ин хатро ба хубӣ дониставу аз он истифода мекунанд.

Дар робита ба хориҷ шудани фанни «Асорсҳои дин» аз барномаи таълимии мактабҳо вазир изҳор кард, ки мактаб дар Тоҷикистон муассисаи дунявӣ буда, дар он ҷо набояд ислому динҳои дигар таълими дода шаванд.

Н. Саидов гуфт, таърихи дини исломро метавон дар мактабҳои олии кишвар («Таърихи адён»)_ омӯхт ва афзуд, ки ҳангоми кор дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ин фан дарс низ гуфтааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...