Вазорати маориф: Ба гузаштан ба хатти арабӣ зарурат нест

Дар Тоҷикистон барои гузаштан ба дигар хат ҳеҷ зарурате нест, – гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири маорифи ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов. «Ҷумҳурии мо чандин бор аз ин марҳилаҳо гузаштааст ва мо хубӣ аз он огаҳем. Ғайр аз ин, таҷрибаи ҳамсоякишварҳо гувоҳи он аст, ки ба ин зарурате мавҷуд нест», – зикр кард вазир дар робита ба […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар Тоҷикистон барои гузаштан ба дигар хат ҳеҷ зарурате нест, – гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири маорифи ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов.

«Ҷумҳурии мо чандин бор аз ин марҳилаҳо гузаштааст ва мо хубӣ аз он огаҳем. Ғайр аз ин, таҷрибаи ҳамсоякишварҳо гувоҳи он аст, ки ба ин зарурате мавҷуд нест», – зикр кард вазир дар робита ба шарҳи маводи зиёд дар матбуот оид ба зарурати гузаштан аз хатти кириллӣ ба арабӣ.

«Агар касе хоҳиши омӯхтани ин хатро дошта бошад, бигзор биомӯзад, – гуфт вай. – Дар барномаи таълимии макотиби таҳсилоти умумӣ фанни «Алифбои ниёгон» мавҷуд аст».

Ӯ таъкид кард, ки аксари олимону адабиётшиносони кишвар ин хатро ба хубӣ дониставу аз он истифода мекунанд.

Дар робита ба хориҷ шудани фанни «Асорсҳои дин» аз барномаи таълимии мактабҳо вазир изҳор кард, ки мактаб дар Тоҷикистон муассисаи дунявӣ буда, дар он ҷо набояд ислому динҳои дигар таълими дода шаванд.

Н. Саидов гуфт, таърихи дини исломро метавон дар мактабҳои олии кишвар («Таърихи адён»)_ омӯхт ва афзуд, ки ҳангоми кор дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ин фан дарс низ гуфтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.