Имсол имтиҳоноти қабул ба макотиби олӣ дертар оғоз меёбанд

Соли равон имтиҳоноти қабул ба макотиби олии Тоҷикистон аз 10-уми август оғоз гардида, қабули ҳуҷҷатҳо аз довталабон 9-уми август ба итмом мерасад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ иттилоъ дод, бинобар сабаби ба таъхир афтодани додани шаҳодатномаҳо (аттестат) ба хатмкардагони макотиби таҳсилоти умумӣ чунин қарор қабул шудааст. Бино ба маълумоти Вазорати […]

Аваз Юлдошев


Соли равон имтиҳоноти қабул ба макотиби олии Тоҷикистон аз 10-уми август оғоз гардида, қабули ҳуҷҷатҳо аз довталабон 9-уми август ба итмом мерасад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ иттилоъ дод, бинобар сабаби ба таъхир афтодани додани шаҳодатномаҳо (аттестат) ба хатмкардагони макотиби таҳсилоти умумӣ чунин қарор қабул шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, соли равон ба макотиби олии кишвар 30,3 ҳазор нафар донишҷӯён қабул карда мешаванд, ки ҳудуди 70%-и онҳо тибқи қарордод таҳсил хоҳанд кард. Қабули ҳуҷчатҳо ба макотиби олӣ 1-уми июл шурӯъ шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба масъалаи ба таъхир афтодани пешниҳоди шаҳодатномаҳо ба хатмкардагони макотиби таҳсилоти умумӣ, вазири маориф гуфт, ин ба иллати дар аттестатҳо ошкор шудани ноқисиҳо ва норасоиҳои техникӣ ба амал омадааст.

«Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод», ки ҳуқуқи истисноии нашри шаҳодатномаҳо дар бораи хатми таҳсилро доро аст, зимни ба чоп расонидани онҳо ба иштибоҳ роҳ дод ва мо маҷбур шудем, ки тақрибан 70 ҳазор варақаҳои шаҳодатномаҳоро ба нашриёт бозпас баргардонем», – гуфт ӯ.

Вазири маориф хотирнишон сохт, ки соли гузашта ҳодисаи ғайриқонунӣ додани қариб 2 ҳазор адад шаҳодатнома дар бораи хатми таҳсил ошкор шуда буд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...