Баррасии ҷараёни таҳияи Стратегияи миллии рушд то соли 2015

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки Вазорати рушди иқтисод ва савдо – Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд бо иштироки Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва созмонҳои байналмилалии муқими ҷумҳурӣ баргузор шуд. Тавре аз Вазорати […]

ASIA-Plus


Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки Вазорати рушди иқтисод ва савдо – Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд бо иштироки Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва созмонҳои байналмилалии муқими ҷумҳурӣ баргузор шуд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар он баррасии рафти таҳияи стратегияи навбатии миёнамӯҳлат барои солҳои 2013-2015 дар доираи рушди Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 ва қадамҳои минбаъда баррасӣ шуд.

Ба иттилои манбаъ, ҷаласаро бо суханони муқаддимавӣ Муовини Вазир, У.Давлатзод ифтитоҳ намуд. Ҳамзамон Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ, Ф.Ҳамралиев дар мавриди татбиқи афзалиятҳои миллӣ ва ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати беҳдошти некӯаҳволии мардуми кишвар изҳори ақида намуда, шарикони рушд ва вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳуриро ба фаъолияти босубот дар ин самт даъват намуд.

«Дар рафти ҷаласа ҳамчунин аз ҷониби коршиносони Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои мунтазам коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва инкишофи табақаи миёнаи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал манзур гарди», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки натиҷаҳои муҳокимаҳо дар доираи ҷаласаи муштарак омодагии мақомоти давлатии мамлакат ва шарикони рушд, ҳамчунин ширкати онҳоро дар татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар ин самт нишон дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.