Кӯмаки Ҷопон дар эҳёи зербинои минтақаи шарқи ҷумҳурӣ

Бо дастгирии молиявии ҳукумати Ҷопон дар ҷмоати Нушори ноҳияи Тоҷикобод бинои нави мактаби таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати Ҷопон дар Душанбе хабар доданд, «Лоиҳаи барқарорсозии мактаби миёнаи № 8 дар ҷамоати Нушор бо маблағи умумии ҳудуди 107 ҳазор доллари ИМА дар чаҳорчубаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои […]

ASIA-Plus


Бо дастгирии молиявии ҳукумати Ҷопон дар ҷмоати Нушори ноҳияи Тоҷикобод бинои нави мактаби таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати Ҷопон дар Душанбе хабар доданд, «Лоиҳаи барқарорсозии мактаби миёнаи № 8 дар ҷамоати Нушор бо маблағи умумии ҳудуди 107 ҳазор доллари ИМА дар чаҳорчубаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ дастгирӣ ёфта, муваффақона ба итмом расид.

Дар маросими ифтитоҳи мактаби нав сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Хироюки Имахашӣ, раиси ноҳияи Тоҷикобод Ҳсуейн Алиев ва намояндагони Вазорати маорфи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

«Бо дастгирии ҳукумати Ҷопон ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ноҳияи Тоҷикобод бинои мактаби нав бо шаш синфхона сохта шуд. Аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ноҳияи Тоҷикобод бо таҷҳизотҳои нав мисли мизу курсӣ, тахтаи синфӣ ва ҷевонҳо муҷҷаҳазонида гаштанд. Қаблан 425 нафар толибилм дар се баст таҳсил намуда, ҳатто китобхона ба сифати синф истифода мешуд. Муҳити таълими нав барои мактаббачагон омӯзиш дар ду баст имкон медиҳад», – гуфтанд дар сафорат.

Аз ин пеш сафири Ҷопон дар ҶТ дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани пул дар болои дарёи Қизилсӯи ҷамоати Лахши ноҳияи Ҷиргатол иштирок кард.  Дар сафорат зикр карданд, ки азнавсозии пули мазкур ва таъмиру барқарорсозии роҳ дар ин ҷамоатро ҳукумати Ҷопон дар ҳаҷми беш аз 112 ҳазор доллари ИМА маблағгузорӣ кард.

Дар худи ҳамон рӯз, ҷаноби Ҳиройуки Иахашӣ ва ҷаноби Назирхуҷа Мирзоев, ҷонишини раиси ноҳияи Рашт, дар маросими ифтитоҳи сохтмони нерӯгоҳи хурди обии барқӣ (НОБ) дар ҷамоати «Ҳоит», ноҳияи Рашт ширкат вазидаанд.

Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ барои «Лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи хурди обии барқӣ (НОБ) дар ҷамоати «Ҳоит», ноҳияи Рашт» кӯмаки грантӣ ба маблағи умумии 95.565 доллари ИМА расонид.

Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои байналмиллалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Ҳукумати Ҷопон барои бахши аъзами аҳолӣ 282 лоиҳаҳои кӯмаки башариро ба маблағи умумии $21.1 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.