Имзои 10 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон

Субҳи имрӯз дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гардид. Масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Озарбойҷон нахуст дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев ва сипас зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳарду ҷониб […]

ASIA-Plus


Субҳи имрӯз дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гардид.

Масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Озарбойҷон нахуст дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев ва сипас зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳарду ҷониб баррасӣ шуд.

Сарони ду давлат аз робитаҳои мунтазами мавҷуда ва рушди муносиботи судбахш изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки барои мавриди баҳрабардории васеъ қарор додани имконоти фарохи истифоданашуда ҷаҳду талош бояд кард.

Илҳом Алиев ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ карда, ба зердастони худ дастур дод, ки доир ба бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон ва кам кардани тарифҳои роҳи оҳани Озарбойҷон баҳри афзун намудани ҳаҷми боркашонии мутақобила тадбирҳои фаврӣ биандешанд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба масоили мубрами ҷаҳонию минтақавӣ ва ҳамгироии муштараки ду кишвар сурат гирифт.

 Баъди анҷоми гуфтушуниди ҳайатҳои расмӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев маросими имзои санадҳои ҳамкорӣ баргузор гардид, ки зимни он 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

 – Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он;

 – Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба эътироф ва баробарарзишии мутақобилаи ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилот ва унвону дараҷаҳои илмӣ;

 – Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш;

 – Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистону Озарбойҷон;

 – Шартнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Донишгохи Миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Миллии Боку;

 – Барномаи ҳамкории иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон барои солҳои 2013-2015;

 – Протокол дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон;

 – Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Озарбойҷон;

 – Ёддошти тафоҳум доир ба рушди ҳамкорӣ миёни КВД Ширкати алюминийи тоҷик (Талко) ва корхонаи алюминийи Озарбойҷон Азералюминий;

 – Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон аз ҷониби сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев ба имзо расид.

 Сипас сарони ду давлат ҳамдигарро бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз намуданд.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии давлатии Озарбойҷон – Ордени Ҳайдар Алиев сарфароз гардонда шуд.

 Ба Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев мукофоти олии давлатии Тоҷикистон Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 тақдим гардид.

 Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барои намояндагони воситаҳои ахбори умум нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

 Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон ва 10 санади нави имзошуда, аз ҷумла барномаи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ ба густариши робитаҳои судбахши ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.