Тафтиши тамоми маводи Интернет дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон як ниҳоде созмон дода мешавад, ки ба мониторинги маводи дар шабакаи Интернет интишоргардида машғул хоҳад шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров хабар дод, ояндаи наздик ин ниҳод дар Вазорати адлия сабти ном шуда, ҳайати он аз ихтиёриён, аз ҷумла рӯзноманигорони ватанӣ иборат хоҳад буд. Б.Зуҳуров таъкид […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар Тоҷикистон як ниҳоде созмон дода мешавад, ки ба мониторинги маводи дар шабакаи Интернет интишоргардида машғул хоҳад шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров хабар дод, ояндаи наздик ин ниҳод дар Вазорати адлия сабти ном шуда, ҳайати он аз ихтиёриён, аз ҷумла рӯзноманигорони ватанӣ иборат хоҳад буд.

Б.Зуҳуров таъкид кард, ки ин ниҳод ба Хадамоти алоқа ҳеҷ муносибате нахоҳад дошт. Дар мусоҳиба ба ОИ «Авеста» ӯ дар робита ба ин масъала изҳор доштааст, ки «Хадамоти алоқа ташаббускори таъсиси як комиссияе аст, ки маводи дар Интернет нашршуда бо муҳтавои «туҳмат» ва «таҳқир»-ро пайгирӣ хоҳад намуд».

Дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» Бег Зуҳуров иброз дошт, ки имрӯзҳо дар шабакаи Интернет маводе ба нашр мерасанд, ки дар онҳо нисбат ба шахсияти роҳбарони кишвар суханҳои қабеҳу тавҳиномез ҷой доранд ва ихтиёриёни ин ниҳоди тозатаъсис муаллифони чунин шарҳҳоро ошкор хоҳанд кард.

«Ман аз ин огоҳ нестам, шояд онҳоро (шарҳнависонро) «табобат» ё ба роҳи рост ҳидоят мекунанд», – гуфт ӯ.

Б.Зуҳуров бар ин назар аст, ки чунин шарҳҳо фармоишӣ буда, муаллифони онҳо аз душманони халқи тоҷик маблағҳои пулии зиёд мегиранд. «Ин тиҷорати шахсони ҷудогонаест, ки барои пул ватанро мефурӯшанд, – мутмаин аст ӯ. – Ҳар нафаре, ки худро эҳтиром мекунаду ба рушди ватанаш манфиатдор аст, бояд бо ин афрод дар мубориза бошад».

Сардори Хадамоти алоқа афзуд, аллакай чанде аз муаллифони ин гуна шарҳҳо дар Интернет ошкор шудаанд. Аммо Зуҳуров дар бораи чӣ гуна чораҳо андешидан нисбат ба онҳо чизе нагуфта, изҳор кард, ки ба ифшои ин маълумот салоҳиятдор нест.

Ёдрас мекунем, ки 12-уми июни соли равон Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ муддати чанд рӯз дастрасӣ ба сомонаи ОИ «Азия-Плюс»-ро қатъ карда буд. Он замон Зуҳуров изҳор дошта буд, ки чанде аз шарҳҳои тӯҳматомезу таҳқиркунандаи корбарони сомона ба ин асос шудааст. Пас аз хориҷ кардани шарҳҳои мазкур дастрасӣ ба сомона барқарор карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.