Коршинос: Дар масъалаи ҳузури пойгоҳи низомии Русия маблағ муҳим нест

Дар робита ба масъалаи тамдиди муҳлати ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров изҳор кард, ки дар ин масъала барои Тоҷикистон маблағ муҳим нест. «Барои мо маблағ муҳим нест, – гуфт ӯ зимни нишасти хабарӣ. – Барои мо муҳим он аст, ки Русия ба манфиатҳои миллии […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар робита ба масъалаи тамдиди муҳлати ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров изҳор кард, ки дар ин масъала барои Тоҷикистон маблағ муҳим нест.

«Барои мо маблағ муҳим нест, – гуфт ӯ зимни нишасти хабарӣ. – Барои мо муҳим он аст, ки Русия ба манфиатҳои миллии мо эҳтиром гузорад. Манфиатҳои миллии мо бошанд, қабл аз ҳама тақдири муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мебошад. Ҳамчунин мо ба коҳиши ҳаҷми боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтии Русия барои Тоҷикистон манфиатдорем. Ғайр аз ин, мо дигар манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ низ дорем ва хоҳони он ҳастем, ки шарикамон онҳоро ба инобат гирад».

Муовини директори МТС зикр кард, ки иттилои маблағи 300 млн. доллари ИМА, ки гӯё Тоҷикистон барои ҳузури пойгоҳи низомии Русия талаб карда бошад, асоси воқеӣ надорад.

«Инро чандин маротиба намояндагони расмии Тоҷикистон, аз ҷумла вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ низ инкор карданд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли С.Сафаров, гуфтушунидҳо дар ин хусус идома дошта, ояндаи наздик масъала ба таври муқаррарӣ роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард. «Гуфтушунидҳоро идома медиҳем, – гуфт ӯ. – Миёни кишшварҳои мо масоили ҳалношуда нестанд ва дар ин бора чанде пеш сарони кишварҳо ибрози назар карда буданд».

Дар ҳамин ҳол, имрӯз нашрияи «Коммерсантъ» бо истинод ба як манбаъи огаҳ аз ҷараёни гуфтушунид дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон менависад, ҳукуматдорони Тоҷикистон

арзиши будубоши пойгоҳи низомии Русияро 250 млн. $

дар як сол арзёбӣ кардаанд.

Дар навбати худ, намояндагони дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Русия дар робита ба ин масъала изҳор кардаанд, ки то ҳанӯз варианти пешниҳодоти ҷониби Тоҷикистон дар бораи дароз кардани муҳлати будубоши пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистонро дастрас накардаанд ва маълумот роҷеъ ба дар як сол пардохт кардани 250 млн. $-ро на тасдиқ карда метавонанду на инкор.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.