Кӯмаки навбатии башардӯстонаи Қазоқистон ба Тоҷикистон

Қазоқистон ба Тоҷикистон кӯмаки навбатии башардӯстона мефиристад, – иттилоъ медиҳад Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон. «Дар робита ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии мавҷуда дар Тоҷикистон, бо қарори ҳукумати Қазоқистон барои кӯмаки расмии башардӯстона ба Тоҷикистон аз захираҳои моддии давлатӣ 80 ҳазор литр равғани рустанӣ ва 120 тонна орди гандум ҷудо карда шуд», – гуфта мешавад дар иттилои […]

Пайрав Чоршанбиев


Қазоқистон ба Тоҷикистон кӯмаки навбатии башардӯстона мефиристад, – иттилоъ медиҳад Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон.

«Дар робита ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии мавҷуда дар Тоҷикистон, бо қарори ҳукумати Қазоқистон барои кӯмаки расмии башардӯстона ба Тоҷикистон аз захираҳои моддии давлатӣ 80 ҳазор литр равғани рустанӣ ва 120 тонна орди гандум ҷудо карда шуд», – гуфта мешавад дар иттилои вазорат.

Кӯмаки башардӯстона ба ихтиёри Агентии захираҳои моддии назди ҳукумати Тоҷикистон супурда мешавад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди ҳукумати ҷумҳурӣ, моҳҳои январ-майи соли равон ҳиссаи Қазоқистон дар ҳаҷми умумии кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон 2,9%-ро ташкил медиҳад.

Ҳиссаи дигар кишварҳои мададрасон дар расонидани кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон ба тариқи зайл аст: ИМА – 50,5%, Русия – 10,2%, Миср – 5,8%, Нидерланд – 4,6%, Чин – 3,5%, Олмон – 3,4%, Фаронса – 3,3% ва Ҷумҳурии Корея – 3,1%.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.