Сафири нави Фаронса дар ҳузури Ҳамрохон Зарифӣ

Ахири ҳафтаи гузашта вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба муносибати қабули нусхаи эътимоднома сафири Фаронса дар Тоҷикистон Дидие Леруаро ба ҳузур пазируфт. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, пас аз қабули эътимоднома Ҳамрохон Зарифӣ сафири навро ба муносибати таъин шуданаш ба ин мансаб табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи ӯ комёбӣ орзу […]

Аваз Юлдошев


Ахири ҳафтаи гузашта вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба муносибати қабули нусхаи эътимоднома сафири Фаронса дар Тоҷикистон Дидие Леруаро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, пас аз қабули эътимоднома Ҳамрохон Зарифӣ сафири навро ба муносибати таъин шуданаш ба ин мансаб табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи ӯ комёбӣ орзу кард.

Дар мулоқот масоили густариши муносибатҳо дар бахши ҷалби сармоягузорӣ, масоили марбут ба ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуданд. Пешниҳод шуд, ки масъалаи имконоти роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни пойтахти кишварҳо ва парвозҳои минбаъда ба дигар кишварҳои  минтақаи Осиё баррасӣ шавад.

Зимни мулоқот ҳамчунин масъалаи вазъи кунунии Афғонистон ва ҳамкории муштараки ҷонибҳо дар дастгигирии нерӯҳои байнулмилалӣ оид ба мусоидат ба амният (ISAF) дар ин кишвар баррасӣ гардид. Мусоҳибон ҳамчунин атрофи масоили марбут ба сохтмони терминали нав дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе табодули афкор намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.