Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон 2 млрд. 431,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 218 млн. $ ё худ 9,8% зиёдтар аст.
Муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Неъмат Раҳматов зимни нишасти хабарӣ изҳор крдд, ки аз ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷӣ 2 млрд. 766,6 млн. доллари ИМА ба воридот ва 664,9 млн. доллари ИМА ба содирот рост меояд. «Ҳаҷми воридот нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта ба миқдори 15,7% ё худ қариб 240 млн. доллари ИМА афзуд», – гуфт ӯ.
Ҳамин тариқ, ба номгӯи маҳсулотои асосии содиротӣ чун анъана алюминий – 44,1%, нахи пахта – 17,8% ва маҳсулоти сабзавотӣ – 2,8% дохил шудаанд. Дар сохтори воридот маҳсулоти нафтӣ – 11,1%, гилхок – 7,7%, орд – 3,9%, гандум – 4,1%ро ташкил додаанд.
Аз рӯйи ҳаҷми умумии содироти мол шарикони асосии Тоҷикистон кишварҳои зерин мебошанд: Туркия – 36,8%, Чин – 19%, Афғонистон – 8%, Қазоқистон – 7,9%, Швейтсария – 6,9% ва Русия – 6,3%.
Воридоти мол асосан аз Русия – 24,4%, Қазоқистон – 16,1%, Чин – 10,5%, Аморати Муттаҳидаи Араб – 5,6%, Эрон – 4,4% ва дигар кишварҳо сурат гирифтааст.
Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ дар нимсолаи аввали соли равон аз ҳисоби боҷи гумрукӣ ба буҷети давлатӣ 1 млрд. 279,1 млн. сомонӣ маблағ ворид намудааст.


