Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ҳудуди 2,5 млрд. $

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон 2 млрд. 431,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 218 млн. $ ё худ 9,8% зиёдтар аст. Муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Неъмат Раҳматов зимни нишасти хабарӣ изҳор крдд, ки аз ҳаҷми умумии […]

ASIA-Plus


Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон 2 млрд. 431,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 218 млн. $ ё худ 9,8% зиёдтар аст.

Муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Неъмат Раҳматов зимни нишасти хабарӣ изҳор крдд, ки аз ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷӣ 2 млрд. 766,6 млн. доллари ИМА ба воридот ва 664,9 млн. доллари ИМА ба содирот рост меояд. «Ҳаҷми воридот нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта ба миқдори 15,7% ё худ қариб 240 млн. доллари ИМА афзуд», – гуфт ӯ.

Ҳамин тариқ, ба номгӯи маҳсулотои асосии содиротӣ чун анъана алюминий – 44,1%, нахи пахта – 17,8% ва маҳсулоти сабзавотӣ – 2,8% дохил шудаанд. Дар сохтори воридот маҳсулоти нафтӣ – 11,1%, гилхок – 7,7%, орд – 3,9%, гандум – 4,1%ро ташкил додаанд.

Аз рӯйи ҳаҷми умумии содироти мол шарикони асосии Тоҷикистон кишварҳои зерин мебошанд: Туркия – 36,8%, Чин – 19%, Афғонистон – 8%, Қазоқистон – 7,9%, Швейтсария – 6,9% ва Русия – 6,3%.

Воридоти мол асосан аз Русия – 24,4%, Қазоқистон – 16,1%, Чин – 10,5%, Аморати Муттаҳидаи Араб – 5,6%, Эрон – 4,4% ва дигар кишварҳо сурат гирифтааст.

Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ дар нимсолаи аввали соли равон аз ҳисоби боҷи гумрукӣ ба буҷети давлатӣ 1 млрд. 279,1 млн. сомонӣ маблағ ворид намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.