Дар ним сол 15 нафар қурбони офатҳои табиӣ шуданд

Нимсолаи аввали соли равон дар 280 ҳодисаҳои офати табиӣ дар Тоҷикистон 25 нафар ба ҳалокат расиданд, – гуфт зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ Хайриддин Абдураҳимов. Барои муқоиса: дар нимсолаи аввали соли гузашта дар Тоҷикистон 78 ҳодисаҳои офати табиӣ рух дода, бар асари он 8 нафар ба ҳалокат […]

ASIA-Plus


Нимсолаи аввали соли равон дар 280 ҳодисаҳои офати табиӣ дар Тоҷикистон 25 нафар ба ҳалокат расиданд, – гуфт зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ Хайриддин Абдураҳимов.

Барои муқоиса: дар нимсолаи аввали соли гузашта дар Тоҷикистон 78 ҳодисаҳои офати табиӣ рух дода, бар асари он 8 нафар ба ҳалокат расида буданд.

«Ғайр аз ин, офатҳои табиӣ ба харобии 835 манзили зист ба маблағи умумии ҳудуди 44 млн. сомонӣ боис гардида, 204 хонаи истиқоматӣ пурра вайрон шуд», – изҳор кард Абдураҳимов.

Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми зарар аз офати табиӣ дар шаш моҳи соли равон беш аз 57,7 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар ин давра бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ зимни шиновариву оббозӣ дар кӯлу обанборҳои кишвар 40 нафар ғарқ шуданд.

Зикр гардид, ки дар моҳҳои январ-майи соли равон аз ҷониби наҷотдиҳандагони касбии кумита 272 амалиёти ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ гузаронида шуда, дар натиҷа 834 нафар аз марг наҷот дода шуданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.