Дар вохӯрии дуюми мусобиқоти интихобии Чемпионати Осиё миёни ҷавонон (U-22) дар Малайзия дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби Малдив бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо шуд.
Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар охири қисми якуми бозии мазкур футболбозони дастаи Малдив ҳисобро кушодаанд. Дар дақиқаи 55-уми қисми дуюми вохӯрӣ капитани дастаи Тоҷикистон ва тими «Истиқлол» Нуриддин Давронов ҳисобро мусовӣ карда, дар дақиқаи 5-уми вақти иловашуда муҳофизатгари дастаи Малдив боз як тӯбро вориди дарвозаи худ намуд.
Дар бозиҳои дигари гурӯҳи «С» дастаи Эрон бар Қатар бо ҳисоби 2 бар 1, дастаи Қувайт бар Баҳрайн бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯзӣ ба даст оварданд. Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи «С» пас аз ду давр дастаи Эрон бо 6 имтиёз пешсаф буда, дастаҳои Қатар, Тоҷикистон, Қувайт ва Баҳрайн дорои се имтиёзӣ мебошанд.
Футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Эрон, Баҳрайн, Қувайт, Қатар ва Малдив қувваозмойӣ мекунанд. Бозиҳои дигари дастаи Тоҷикистон бо дастаҳои Қувайт – 28-уми июн, бо Эрон – 1-уми июл ва бо Қатар – 3-юми июл баргузор мешаванд.