Даъвати инъикоси воқеъбинонаи рӯйдодҳои Хоруғ аз ҷониби созмонҳои журналистӣ

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ), Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ), Медиа-Алянси Тоҷикистон, Шўрои ВАО-и Тоҷикистон, Созмони ҷамъиятии «Индем» ва ТҶ «Ориёнмедиа» аз ҳамаи васоити ахбори омма ва рӯзноманигорони кишвар даъват намуданд, ки дар инъикос ва арзёбӣ намудани масоили марбут ба амалиёти низомии сохторҳои қудратӣ дар маркази вилояти Кўҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ ниҳоят […]

ASIA-Plus

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ), Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ), Медиа-Алянси Тоҷикистон, Шўрои ВАО-и Тоҷикистон, Созмони ҷамъиятии «Индем» ва ТҶ «Ориёнмедиа» аз ҳамаи васоити ахбори омма ва рӯзноманигорони кишвар даъват намуданд, ки дар инъикос ва арзёбӣ намудани масоили марбут ба амалиёти низомии сохторҳои қудратӣ дар маркази вилояти Кўҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ ниҳоят эҳтиёткор ва нозукбин буда, аз такя ба ҳар гуна овозаву хабарҳои беасос ва низоъангез дар ин маврид канорагирӣ кунанд.

«Дар баъзе сомона ва блогҳои интернетӣ ба ҳаводиси ахири Бадахшон тобиши сиёсиву динӣ дода шуда, дар ин миён баҳсҳои мазҳабиву маҳалгароӣ сар мезананд. Тоҷикистон Ватани ҳар яки мост ва Бадахшон ҷузъи ҷудонопазири ин Ватан аст. Аз ин рў истифодаи забони хусумат ва низоъангез дар ин мавриди мусибатбор ҳаргиз ҷоиз набуда, он метавонад боиси ташаннуҷи ҷамъиятӣ гардад», – таъкид мегардад дар изҳороти қабулнамудаи онҳо.

Ҳамзамон созмонҳои журналистии мамлакат аз масдуд шудани сомонаи интернетии «Азия-Плюс» изҳори нигаронӣ намуда, ин амали носавоб ва кўтоҳандешонаро аз ҷониби Хадамоти алоқа нақзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони кишвар дар дастрасӣ ба иттилоот маҳсуб медонанд ва умедворанд, ки қазияи мазкур ҳарчи зудтар ҳалли қонунии худро меёбад.

Дар идомаи изҳорот аз мақомоти КДАМ, ВКД ва Прокуратураи генералӣ тақозо мегардад, ки бо роҳи ташкили як маркази матбуоти муштарак ба воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ аз ҷараёни амалиёти низомӣ дар Кўҳистони Бадахшон мунтазам иттилооти расмӣ пешниход намоянд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.