Интиқоли нерӯҳои иловагии низомии Афғонистон ба марз

Бо ибтикори ҷониби афғонӣ байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай гуфтугӯи телефонӣ баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, ҷонибҳо дар бораи ҳаводиси дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон рухдода ибрози назар намуда, таъкид карданд, ки истиқрори вазъ ва таъмини оромиву амнияти мардуми минтақа ҳадафи […]

ASIA-Plus


Бо ибтикори ҷониби афғонӣ байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай гуфтугӯи телефонӣ баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, ҷонибҳо дар бораи ҳаводиси дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон рухдода ибрози назар намуда, таъкид карданд, ки истиқрори вазъ ва таъмини оромиву амнияти мардуми минтақа ҳадафи умда ва асосии саъю талошҳоест, ки дар ин ҷода ба харҷ дода мешавад.

Сарварони ду кишвари дӯст ба мувофиқа расиданд, ки аз ду ҷониб иқдомоти муассире пиёда хоҳанд шуд, то вазъи оддии марзҳои Афғонистону Тоҷикистон ва пешгирӣ намудани ҳар гуна аъмоли террористӣ ва зиддиқонунӣ дар он таъмин гардад.

Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай эълом дошт, ки бо дастури ӯ ба ҷониби сарҳад, алалхусус минтақаи ҳаммарзи Хоруғ, нерӯҳои иловагии низомӣ ва марзбонӣ фиристода хоҳад шуд, то татбиқи ҳадафҳои дар боло баёншуда таъмин гардад.

Сарварони ду кишвар таъкид намуданд, ки байни роҳбарияти Афғонистону Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбутаи ҳар ду мамлакат то ҳаллу фасли ниҳоии ин қазия иртиботи доимӣ ва муассир барқарор хоҳад буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.