USAID ба табибони оилавӣ диплом супурд

Лоиҳаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) «Тандурустии босифат» ба кормандони тиббии сартосари ҷумҳурӣ, ки барномаи яксолаи такмили ихтисос оид ба тиббӣ оилавиро дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон хатм карданд, дипломҳо супурд. Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, намояндагони Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID), Лоиҳаи Оҷонсии ИМА […]

ASIA-Plus


Лоиҳаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) «Тандурустии босифат» ба кормандони тиббии сартосари ҷумҳурӣ, ки барномаи яксолаи такмили ихтисос оид ба тиббӣ оилавиро дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон хатм карданд, дипломҳо супурд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, намояндагони Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID), Лоиҳаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) «Тандурустии босифат», Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиббии Тоҷикистон, Раёсати илм ва таҳсилоти тиббии Вазорати тандурустии ҶТ ва дигар шарикони байналмилалӣ дар ин маросим ширкат варзиданд.

Ба иттилои манбаъ, барномаи такмили ихтисоси табибони оилавӣ дар ҳамбастагӣ бо USAID ба ҳисоби умумӣ ихтисоси 165 корманди тибро такмил дод, 12 нафари онҳо дар барномаи озмоишии таҷрибаомӯзӣ дар чорчӯбаи Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат», иштирок намуданд. Коромӯзони мазкур дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиббии Тоҷикистон таълими густурда, ки яке аз беҳтарин Марказҳои омӯзиши клиникӣ дар Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад, гирифтанд. Аз ҳисоби тамоми хатмкунандагони таҳсили имсола коромӯзони мазкур сазовори баҳои баландтарин дар имтиҳоноти хатмӣ шуданд ва хоҳиши идомаи маълумоти тиббии худро дар доираи барномаи дусолаи такмили ихтисос изҳор намуданд.

Корманди тиб Саломиддин Исупов, сардори Раёсати илм ва таҳсилоти тиббии Вазорати тандурустии ҶТ иброз намуд, ки “Дар Тоҷикистон, бори аввал ин теъдоди коромӯзон дар барномаи такмили ихтисос ширкат меварзанд, ки ин шабоҳати мусбӣ аз вусъатёбии тибби оилавӣ дар Тоҷикистон аст. Кормандони ҷавон метавонанд соҳаи тиб ва тиби оилавиро тақвият диҳанд. Ҳавасмандии онҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки тибби оилавӣ ҷузъи асосии кӯмаки аввалияи тиббӣ дар мамалакати мо мебошад”.

Вазорати тандурустӣ ба барномаи муштараки  Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» ва Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиббии Тоҷикистон баҳои баланд дода, барои вусъатдиҳии он дар қаламрави Ҷумҳурӣ тавсия дод. Вазорати тандурустӣ умедвор аст, ки қолаби таҷрибавӣ на танҳо муассисаҳои тибби оилавиро таквият медиҳад, балки хатмкунундагони мактабҳои тиббиро барои интихоб намудани тибби оилавӣ, ҳамчун ихтисос, ҳавасманд мегардонад ва бо ҳамин масъалаи камоии табибон дар марҳилаи кӯмаки аввалияи тиббиро ҳал менамояд, ки ҳоло синну соли кормандони ин соҳа ба ҳисоби миёна аз 50-сола болоро ташкил медиҳад.

Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасонии Ҳукумати ИМА мебошад. Аз соли 1992 Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз  984 миллион доларро барои кӯмак ба рушди иқтисодиёт, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маорифӣ Тоҷикистон масраф кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.