М.Аҳмадов: Ман кайҳо боз дар Бадахшон набудам

Собиқ сардори шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили водии Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов изҳор кард, ки ӯ дар зодгоҳаш – водии Рашт қарор дошта, кайҳо боз ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар накардааст. «Ман кайҳо боз дар Бадахшон набудам ва айни замон дар хонам қарор дорам. Дар куҷо будани Шоҳ Искандаров ба ман маълум нест. Бо […]

ASIA-Plus


Собиқ сардори шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили водии Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов изҳор кард, ки ӯ дар зодгоҳаш – водии Рашт қарор дошта, кайҳо боз ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар накардааст.

«Ман кайҳо боз дар Бадахшон набудам ва айни замон дар хонам қарор дорам. Дар куҷо будани Шоҳ Искандаров ба ман маълум нест. Бо ӯ низ муддати зиёдест, ки дар робита набудам», – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Мирзохӯҷа Аҳмадов.

Ёдрас мекунем, ки қаблан тибқи иттилои ғайрирасмӣ хабар дода шуд, ки зимни амалиёти махсуси низомӣ дар шаҳри Хоруғ муовини сардори Раёсати умури дохилӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт Муҳаммадшоҳ (Шоҳ) Искандаров кушта шудааст. Дар мақомоти қудратӣ ҳалокати Искандаровро тасдиқ намекунанд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуда буд, ки ҳанӯз як моҳ пеш Шоҳ Искандаров, Мирзохӯҷа Аҳмадов (собиқ роҳбари шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккил) ва ҳамроҳони ӯ барои таҳкими марзҳо бо Афғонистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафарбар шуда будаанд. Феълан М.Аҳмадов сафараш ба Бадахшонро рад мекунад.

Қобили зикр аст, ки тирамоҳи соли 2010 М.Аҳмадов ва наздикони ӯ дар ҳамдастӣ бо нерӯҳои ҳукуматӣ дар амалиёти нобуд кардани дастаи ҷиноятпешаи Мулло Абдулло дар водии Рашт иштирок карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.