Гурӯҳҳои мусаллаҳи Хоруғ имрӯз аслиҳа месупоранд

Мутобиқи мувофиқаи ҳосилшуда миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунии шаҳри Хоруғ, нимаи аввали имрӯз ҷангиёни гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ба супурдани аслиҳа шурӯъ мекунанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон хабар дод. Ба иттилои манбаъ, шаби гузашта дар Хоруғ нисбатан ором сипарӣ шудааст. «Тақрибан баъди нимашаб дар мавзеъҳои шаҳр, […]

ASIA-Plus


Мутобиқи мувофиқаи ҳосилшуда миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунии шаҳри Хоруғ, нимаи аввали имрӯз ҷангиёни гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ба супурдани аслиҳа шурӯъ мекунанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, шаби гузашта дар Хоруғ нисбатан ором сипарӣ шудааст. «Тақрибан баъди нимашаб дар мавзеъҳои шаҳр, ки рӯзи 24-уми июл амалиёти низомӣ доир гардида буд, тирпарронии бетартибона аз аслиҳаи оташфишон сурат гирифта, муддати зиёд давом накард», – гуфт манбаъ.

Номбурда ҳамчунин гуфт, нерӯҳои ҳукуматӣ ба ин ҳодиса вокуниш нишон надоданд, зеро он ба ҳаёти аҳолии осоишта ва намояндагони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хатар эҷод намекард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.