Дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории Би-Би-Сӣ барқарор шуд

Пас аз таваққуфи дурӯза дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи корпоратсияи бритониёии радиову телевизиони Би-Би-Сӣ барқарор шуд. Дар дафтари кории бахши тоҷикии хабаргузории Би-Би-Сӣ аз шарҳи сабабҳои қатъ ва баъди чанде барқарор шудани дастрасӣ ба сомона худдорӣ карданд. Дар ҳамин ҳол, то ҳанӯз дастрасӣ ба сомонаи шабакаи телевизионии «Вести»-и Русия ғайриимкон аст. Ҳамчунин аз ҷониби як […]

Меҳрангез Турсунзода


Пас аз таваққуфи дурӯза дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи корпоратсияи бритониёии радиову телевизиони Би-Би-Сӣ барқарор шуд. Дар дафтари кории бахши тоҷикии хабаргузории Би-Би-Сӣ аз шарҳи сабабҳои қатъ ва баъди чанде барқарор шудани дастрасӣ ба сомона худдорӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол, то ҳанӯз дастрасӣ ба сомонаи шабакаи телевизионии «Вести»-и Русия ғайриимкон аст. Ҳамчунин аз ҷониби як қатор ширкатҳои фароҳамгари интернет дастрасӣ ба сомонаҳои Lenta.ru, Ferghananews.com, Pamir-vesti.ru, Ozodagon.tj ва Tajtube.tj низ қатъ гардидааст. Чанде қабл истифода аз видеохостинги YouTube низ дастнорас гардида, он то ҳанӯз идома дорад.

Намояндагони чанде аз сомонаҳои дастрасиашон дар Тоҷикистон қатъгардида зикр карданд, ки онҳо бо сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ мулоқот ороста наметавонанд. «Дирӯз ӯ гӯё дар ҷаласаи ҳукумат иштирок дошт. Агар ӯ набошад, он ҷо ҳеҷ касе ба мо масъаларо шарҳ намедиҳад», – гуфтанд онҳо.

«Қарори мазкур аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди ҳукумаи ҷумҳурӣ қабул шуд. Хабари қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои дар боло зикршуда ба таври шифоҳӣ рӯзҳои 28 ва 29-уми июл ба мо расид», – гуфтанд дар ширкатҳои фароҳамсози интернет дар робита ба ин масъала.

Ҳамчунин намояндагони ин ширкатҳо мегӯянд, қариб ҳамарӯза аз ҷониби Хадамоти алоқа ба онҳо дар хусуси қатъи дастрасӣ ба ин ё он сомона хабар мерасад.

«Қариб ҳар рӯз мо аз Хадамоти алоқа дар бораи қатъи дастрасӣ ба ин ё он сомона хабар мегирем ва ҳамаи хабарҳо бидуни шарҳи сабаб фиристода мешаванд», – мегӯянд намояндагони ширкатҳои зикршуда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.