Назорати нархҳо дар бозорҳои погйтахт ба дӯши мақомоти давлатӣ вогузор шуд

Чанде қабл дар машварати кории мақомоти шаҳрдории пойтахт таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев масъалаи амалисозии қарор «Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе» баррасӣ шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод, дар ин зимн раиси […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл дар машварати кории мақомоти шаҳрдории пойтахт таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев масъалаи амалисозии қарор «Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе» баррасӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод, дар ин зимн раиси пойтахт қабл аз ҳама ба кулли шахсони воқеию ҳуқуқие, ки дар татбиқи Қарори мазкур бо ҳисси масъулият ва ташаббуси шахсӣ муносибат намуданд, аз номи Роҳбарияти шаҳр изҳори сипосмандӣ намуда, соҳибкорону тоҷирон ва директорони бозорҳои коммуналию хусусиеро, ки баҳри ғановати дастурхони сокинон ба фурӯшгузории маҳсулоти зикргардидаро аз рӯи нархҳои муайянгардида таъмин накарданд, мавриди интиқод қарор дод.

«Дар робита ба таъминоти ғановати бозори истеъмолӣ  ва воридоти миқдори зарурии 12 намуди маҳсулоти мавриди таваҷҷӯҳ дар шаҳри Душанбе, илова ба тадбирҳои андешидашуда муқаррар гардид, ки масъалаи назорат, ташкили воридот ва аз рӯи нархҳои муайянгардида ба фурӯшгузории орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон ба зиммаи Раёсати гумруки шаҳри Душанбе, гӯшт ва тухм – ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба шаҳри Душанбе, картошка, сабзӣ ва пиёз – ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, равғани растанӣ, биринҷ ва шакар – ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ва шир ба зиммаи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Н. Комилов  вогузор гардад», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қарори раиси пойтахт, ба тоҷирон тавсия дода шудааст, ки дар моҳи Рамазон як кг гӯшти говро 29, гӯшти говмешро 19, гӯшти гӯсфандро 30, як халта орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистонро то 110, 1 л. равғани растаниро то 8, як кг биринҷи ватаниро то 7, як кг шакарро то 5, 1 л. ширро то 3, як кг картошкаро то 2, як кг сабзиро то 2,2, як кг пиёзро то 1,1 ва 1 дона тухмро то 0,6 сомонӣ ба фурӯш бароранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.