БРАО: Даромади Тоҷикистон аз содироти нахи пахта коҳиш ёфт

Бар асари поин рафтани нархи нахи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ, даромади Тоҷикистон аз содироти он коҳиш ёфт. Дар гузориши семоҳаи Раёсати таҳлилии Бонки рушди авруосиёӣ (БРАО) таҳти унвони «Макромониторинги ИДМ» гуфта мешавад, ҳаҷми афзоиши иқтисоди Тоҷикистон дар семоҳаи авали соли ҷорӣ 7,2%-ро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол, қайд мекунанд таҳлилгарони бонк, истеҳсолоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ […]

ASIA-Plus


Бар асари поин рафтани нархи нахи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ, даромади Тоҷикистон аз содироти он коҳиш ёфт.

Дар гузориши семоҳаи Раёсати таҳлилии Бонки рушди авруосиёӣ (БРАО) таҳти унвони «Макромониторинги ИДМ» гуфта мешавад, ҳаҷми афзоиши иқтисоди Тоҷикистон дар семоҳаи авали соли ҷорӣ 7,2%-ро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, қайд мекунанд таҳлилгарони бонк, истеҳсолоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба андозаи 14,6%, аз ҷумла бахшҳои бофандагиву дӯзандагӣ дар ҳаҷми 80% афзоиш ёфтаанд. Ҳаҷми истеҳсоли нахи пахта 1,2 маротиба зиёд шуда, ба афзудани содироти ин маҳсулот ба андозаи 65,1% имкон фароҳам овард.

«Аммо поин рафтани нархи ин ашёи хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ, ба коҳиши даромади Тоҷикистон аз содироти ин маҳсулот боис гардид, – таъкид мегардад дар гузориши БРА. – Дар маҷмӯъ, коҳиши нархҳои содиротӣ ва болоравии нархҳои воридотӣ ба касри тавозуни савдои ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 50,3% ба ММД оварда расониданд».

Дар гузориши таҳлилии «Макромониторинги ИДМ» зикр мегардад, ки дар семоҳаи аввали соли равон иқтисоди кишварҳои узви ИДМ суръати пешинаи афзоишро нигоҳ доштааст. Ҳаҷми афзоиши он дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ 4,65%-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта (4,67%) камтар аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...