Дар Хоруғ беш аз 200 адад аслиҳа ихтиёрӣ супурда шуд

Дар зарфи ду рӯз дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ аз ҷониби аъзои гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ беш аз 200 адад аслиҳаи оташфишон ихтиёрӣ ба мақомоти ҳукумат супурда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД-и ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, аз аҳолии ин минтақа миқдори махсусан калони яроқу лавозимоти ҷангӣ, […]

Аваз Юлдошев


Дар зарфи ду рӯз дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ аз ҷониби аъзои гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ беш аз 200 адад аслиҳаи оташфишон ихтиёрӣ ба мақомоти ҳукумат супурда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД-и ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, аз аҳолии ин минтақа миқдори махсусан калони яроқу лавозимоти ҷангӣ, ба хусус даҳҳо мил автомати «Калашников», пулемёт, норинҷакҳо, гранатомёт,  снарядҳо, тӯп, сарулибоси ҳарбӣ, тирҳои гуногунтамға ва дигар яроқҳои вазнини ҷангиву лавозимоти ҳарбӣ, инчунин маводи доруворӣ бароои муолиҷаи захмҳо гирифта шуданд.

«Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои мусоидат ба ҷараёни ихтиёран супурдани яроқу аслиҳа аз ҷониби аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳ ба намояндагони дин, ташкилотҳои ҷамъиятиву ҷавонон, аҳли зиё ва сокинони ҷудогонаи шаҳри Хоруғ изҳори миннатдорӣ менамояд», – таъкид дошт Асадуллоев.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи ВКД изҳор кард, ки имрӯз низ ҷараёни супурдани аслиҳа идома хоҳад ёфт.

Қаблан ВКД эълом дошта буд, ки шахсоне, ки ихтиёран аслиҳаи ғайриқонунӣ нигоҳдоштаи худро месупоранд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ҷараёни ихтиёран таслим кардани яроқу аслиҳа дар Хоруғ рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта пас аз гуфтушуниди тӯлонии ҷонибҳо оғоз гардид.

Амалиёти маҳви гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар Хоруғ санаи 24-уми июл оғоз гардид. Аъзои ин гурӯҳ ба қатли сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ генерал Абдулло Назаров гумонбар дониста мешаванд. Марҳилаи фаъоли амалиёт пас аз як рӯз ба анҷом расид. Бино ба маълумоти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дар ҷараёни амалиёт ду тан аз аҳолии осоишта ҳалок шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...