Интиқоли гурӯҳи аввалини сайёҳон ба доманакӯҳи қуллаи Сомонӣ

75 нафар кӯҳнавардони хориҷӣ ба қароргоҳи назди доманакӯҳи қуллаи дар қаламрави ИДМ баландтарини Исмоили Сомонӣ (собиқ қуллаи Коммунизм) оварда шуданд. «Соли равон экспедитсияи кӯҳнавардон ба 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бахшида шуда, фатҳи қуллаи беном сурат мегирад ва ин қулла «Қуллаи 20-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон» номгузорӣ хоҳад шуд», – гуфт дар суҳбат […]

Фирӯз Умарзода


75 нафар кӯҳнавардони хориҷӣ ба қароргоҳи назди доманакӯҳи қуллаи дар қаламрави ИДМ баландтарини Исмоили Сомонӣ (собиқ қуллаи Коммунизм) оварда шуданд.

«Соли равон экспедитсияи кӯҳнавардон ба 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бахшида шуда, фатҳи қуллаи беном сурат мегирад ва ин қулла «Қуллаи 20-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон» номгузорӣ хоҳад шуд», – гуфт дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Ассостсиатсияи рушди индустрияи сайёҳии Тоҷикистон Давлат Ҳабибов.

Ғайр аз ин, ба қавли Ҳабибов, сайёҳон ҳамчунин ба фатҳи қуллаҳои Корженевский (7105 метр) ва қуллаи Исмоили Сомонӣ (7495 метр), ки миёни кӯҳнавардон писандида аст, низ имкон пайдо хоҳанд кард.

Бино ба маълумоти Ҳабибов, ҳайати экспедитсияи мазкур аз 115 нафар кӯҳнавардони 18 кишвари дунё иборат аст. Айни замон ба қароргоҳи доманакӯҳ гурӯҳи аввалини сайёҳон иборат аз 75 нафар интиқол дода шуданд. Боз аз интиқоли 10 нафар сайёҳони дигар интизорӣ меравад.

«Сол то сол шумори иштирокчиёни экспедитсия дар ҳоли афзоиш аст, – мегӯяд Давлат Ҳабибов. – Соли гузашта ҳайати кӯҳнавардон аз 87 нафар иборат буд. Соли ҷорӣ сарфи назар аз қазияи номатлуби ахир дар кишвар, шумори иштирокчиёни экспедитсия афзуд. Ин ҷо мебояд ба инобат гирифт, ки қаламрави даргириҳои ахир низ аз макони экспедитсия хеле дур воқеъ аст».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...