Кодекси нави андоз зина ба зина то соли 2017 ҷорӣ мегардад

Таҳти раёсати президенти, раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.  Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар маҷлис нахуст Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 баррасӣ шуд. Мутобиқи ин санад Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ барои 3 соли оянда мутаносибан дар ҳаҷми 42,1 миллиард, 48,2 миллиард ва 54,7 […]

ASIA-Plus


Таҳти раёсати президенти, раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 



Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар маҷлис нахуст Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 баррасӣ шуд. Мутобиқи ин санад Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ барои 3 соли оянда мутаносибан дар ҳаҷми 42,1 миллиард, 48,2 миллиард ва 54,7 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Суръати рушди иқтисодӣ дар соли 2013 ба андозаи 7,4 ва ду соли дигар 7,5% бояд таъмин гардад. Қурби асъори миллӣ бошад дар 3 соли оянда дар доираи 4,90, 4,94 ва 4 сомонию 99 дирам ба як доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.

Сипас ба муҳокимаи Ҳукумати кишвар лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи нав пешниҳод гардид. Тавре зикр гардид, шумораи андозҳо дар лоиҳаи нав 10 адад муқаррар шудааст, ки нисбат ба кодекси амалкунанда 11 адад кам мебошад. Дар лоиҳаи кодекси нави андоз расмиёти андозбандӣ ва ҳисоботдиҳӣ хеле соддаю шаффоф пешбинӣ шудааст ва ҳадафи асосии он баланд бардоштани адолатнокию самарабахшӣ, сабук намудани бори андозҳо ва тавассути зиёд кардани шумораи андозсупорандагон ғанӣ гардондани буҷети давлат аст. Кодекси нави андоз тибқи нақша аз 1 январи соли 2013 сар карда, то соли 2017 бояд зина ба зина пурра мавриди амал қарор дода шавад.

Дар маҷлиси навбатии Ҳукумат як зумра барномаҳои нави давлатӣ тасдиқ карда шуд. Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017, Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017, Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, Барномаи рушди биотехнологияи чорво барои солҳои 2013-2017 ва Барномаи беҳгардонии ҷолибияти сармоягузорӣ ба соҳаи истифодабарии қаъри замин дар солҳои 2012-2015 аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Ба мақомоти иҷроияи ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 40 гектар замин барои тақсимоти қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба 272 оилаи ниёзманд ва 76 гектар барои 758 оила дар ноҳияи Ванҷи ҳамин вилоят ҷудо карда шуд. Тавре зикр гардид, давоми соли равон барои мардуми ҳамаи шаҳру ноҳияҳои дигари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қитъаҳои замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо шуда буд.

Дар фароварди маҷлис Эмомалӣ Раҳмон ба муовини сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ Нурмаҳмад Ахмедов, раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот Сироҷиддин Валиев ва дигар шахсони масъул доир ба таъмини фаровонию эътидол дар тамоми бозорҳои кишвар, хусусан дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба қадри кофӣ захира кардани маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ ва хӯроки чорво барои зимистон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.