Қатъи дастрасӣ ба сомонаи Би-Би-Сӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаҳои корпоратсияи бритониёии радиову телевизиони Би-Би-Сӣ ва шабакаи телевизионии «Вести»-и Русия қатъ карда шуд. Ҳамчунин аз ҷониби як қатор ширкатҳои фароҳамгари интернет дастрасӣ ба сомонаҳои Lenta.ru, Ferghananews.com, Pamir-vesti.ru низ қатъ гардидааст. Ба иттилои сарчашмаҳои гуногун, агентии «Озодагон» низ ба «рӯйхати сиёҳ» шомил гардидааст. «Қарори мазкур аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди ҳукумаи […]

ASIA-Plus


Дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаҳои корпоратсияи бритониёии радиову телевизиони Би-Би-Сӣ ва шабакаи телевизионии «Вести»-и Русия қатъ карда шуд.

Ҳамчунин аз ҷониби як қатор ширкатҳои фароҳамгари интернет дастрасӣ ба сомонаҳои Lenta.ru, Ferghananews.com, Pamir-vesti.ru низ қатъ гардидааст. Ба иттилои сарчашмаҳои гуногун, агентии «Озодагон» низ ба «рӯйхати сиёҳ» шомил гардидааст.

«Қарори мазкур аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди ҳукумаи ҷумҳурӣ қабул шуд. Хабари қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои дар боло зикршуда ба таври шифоҳӣ рӯзҳои 28 ва 29-уми июл ба мо расид», – гуфтанд дар ширкатҳои фароҳамсози интернет.

Ҳамчунин намояндагони ин ширкатҳо мегӯянд, қариб ҳамарӯза аз ҷониби Хадамоти алоқа ба онҳо дар хусуси қатъи дастрасӣ ба ин ё он сомона хабар мерасад.

«Қариб ҳар рӯз мо аз Хадамоти алоқа дар бораи қатъи дастрасӣ ба ин ё он сомона хабар мегирем ва ҳамаи хабарҳо бидуни шарҳи сабаб фиристода мешаванд», – мегӯянд намояндагони ширкатҳои зикршуда. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.