Бо кор таъмин шудани як гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав

Бо мусоидати намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия моҳи июл дар шаҳри Маскав як гурӯҳи муҳоҷирони кории тоҷик бо ҷойи кор таъмин карда шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии мазкур иттилоъ доданд, мутобиқи мувофиқаи ҳосилшуда миёни намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ва мақомоти раҳбарии ширкати «Акваградстрой»-и шаҳри Маскав, 52 нафар муҳоҷирони кории тоҷик […]

ASIA-Plus


Бо мусоидати намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия моҳи июл дар шаҳри Маскав як гурӯҳи муҳоҷирони кории тоҷик бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии мазкур иттилоъ доданд, мутобиқи мувофиқаи ҳосилшуда миёни намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ва мақомоти раҳбарии ширкати «Акваградстрой»-и шаҳри Маскав, 52 нафар муҳоҷирони кории тоҷик бо ҷойи кор дар ин ширкат таъмин гардида, музди меҳнати моҳонаи онҳо 20 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, муҳоҷирони тоҷик асосан ба иҷрои корҳои рангмолӣ, андовакунӣ, сантехникӣ ва ба сифати коргарони ёридиҳанда машғули кор мешаванд.

«Коргарони муҳоҷир ҳамзамон бо манзили зист таъмин карда мешаванд, ки айни замон барои муҳоҷирон аз кишварҳои узви ИДМ масъалаи муҳим ба шумор рафта, аз таҷрибаи мусбати мақомоти раҳбарии ширкати «Акваградстрой» ба сифати корфармо гувоҳӣ медиҳад», – иброз доштанд дар намояндагии Хадамоти муҳоҷират.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.