Тоҷикистон ба маркази содироти дубораи ОМ табдил меёбад

Тоҷикистон маркази дар ҳоли рушд қарордоштаи содироти дубораи ғайрирасмии маҳсулоти Чин дар минтақаи Осиё Марказӣ мебошад. Дар ин бора зимни муаррифии гузориши «Тамоилҳои савдои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ» дар Душанбе сармутахассиси илмии Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва сиёсати Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Роман Могилевский иттилоъ дод. Ба гуфтаи вай, соли 2010 ҳаҷми содироти дубораи ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон […]

Пайрав Чоршанбиев


Тоҷикистон маркази дар ҳоли рушд қарордоштаи содироти дубораи ғайрирасмии маҳсулоти Чин дар минтақаи Осиё Марказӣ мебошад. Дар ин бора зимни муаррифии гузориши «Тамоилҳои савдои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ» дар Душанбе сармутахассиси илмии Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва сиёсати Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Роман Могилевский иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вай, соли 2010 ҳаҷми содироти дубораи ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон тақрибан 710 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки ба 70%-и содироти расмии ҷумҳурӣ баробар аст, зеро соли 2010 Тоҷикистон дар ҳаҷми каме бештар аз 1,1 млрд. доллари ИМА маҳсулот содирот намуда, соли гузашта ҳаҷми содироти дубора боз бештар гардидааст.

Могилевский таъкид кард, ки соли 2010 дар маҷмӯъ ҳаҷми содироти дубораи ғайрирасмӣ дар минтақа 4,6 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, ҳаҷми содироти расмии минтақа дар ин сол ба 4,8 млрд. доллари ИМА баробар будааст.

Ӯ қайд кард, ки Қирғизистону Тоҷикистон асосан ба содироти дубораи маҳсулоти саноати сабук ба Қазоқистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Русия ва чанде аз кишварҳои дигар машғул мебошанд.

Номбурда ҳамчунин таъкид кард, ки паҳлӯи манфии савдои ғайрирасмӣ возеҳу аён аст, зеро ҳар кадоме аз ин кишварҳо аз ба даст овардани даромад аз андозҳои зиёде маҳрум мешаванд. «Аммо ба туфайли савдои ғайрирасмӣ одамон ба маҳсулоти нисбатан арзонтар дастрасӣ пайдо карда, ҳамчунин бо ҷойи кор таъмин мегарданд», – изҳор кард Могилевский.

Могилевский бар ин назар аст, ки дар сурати аз байн бурдани савдои ғайрирасмӣ вазъи иҷтимоии шумори назарраси аҳолӣ бад гардида, оилаҳои камбизоат ва қишри осебпазири ҷомеа ба душвориҳои зиёд дучор мегарданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.