Иштироки низомиёни Тоҷикистон дар тамринҳои СААД

Беш аз 150 нафар афсарону сарбозони дастаи десанти кӯҳии нерӯҳои зудамал ва гурӯҳҳои фаврии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон имрӯз ҷиҳати иштирок дар тамринҳои низомии фармондеҳиву ситодии «Рубеж-2012» озими Русия шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмалиев хабар дод, тамринҳои мазкур аз 2 то 10-уми август дар маркази таълимии ҷудогонаи 155-уми […]

Аваз Юлдошев


Беш аз 150 нафар афсарону сарбозони дастаи десанти кӯҳии нерӯҳои зудамал ва гурӯҳҳои фаврии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон имрӯз ҷиҳати иштирок дар тамринҳои низомии фармондеҳиву ситодии «Рубеж-2012» озими Русия шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмалиев хабар дод, тамринҳои мазкур аз 2 то 10-уми август дар маркази таълимии ҷудогонаи 155-уми «Чебаркӯл»-и ҳавзаи Урал доир мегарданд.

Ба гуфтаи ӯ, дар тамринҳои низомӣ хизматчиёни ҳарбии Вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ширкат меварзанд.

Дар тамрин омӯзиш ва таҷрибаи фаъолият дар ҳолатҳои муҳосира ва маҳв кардани қароргоҳи гурӯҳҳои ҷиноятпеша, нобуд сохтани нерӯҳои саддгузор ва захираҳои рақиб санҷида мешаванд.

Ба тамринҳо гурӯҳҳои иктишофӣ, дастаҳои тирандозии кӯҳӣ ва гурӯҳҳои фаврии Вазоратҳои мудофиаи кишварҳо ҷалб мегарданд.

«Гурӯҳи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ин тамринҳоро муовини сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, генерал-майор Зариф Бобокалонов сарварӣ менамояд», – афзуд Маҳмадалиев.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.