Омодагӣ ба сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафт дар ҷануб

Дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон сохтмони корхонаи коркарди нафт бо иқтидори 300 ҳазор тонна дар як сол ба нақша гирифта шудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, моҳи июни соли равон ҳукумати кишвар дар ин хусус қарори дахлдор қабул намуда, айни замон корҳои омодагӣ барои оғози сохтмони корхона ҷараён доранд. […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон сохтмони корхонаи коркарди нафт бо иқтидори 300 ҳазор тонна дар як сол ба нақша гирифта шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, моҳи июни соли равон ҳукумати кишвар дар ин хусус қарори дахлдор қабул намуда, айни замон корҳои омодагӣ барои оғози сохтмони корхона ҷараён доранд.

Дар Вазорати энергетика ва саноат зикр карданд, ки бо чанде аз кишварҳо доир ба таъмини корхонаи оянда бо нафти хом мувофиқа ҳосил шудааст.

Дар ҳамин ҳол, интизорӣ меравад, ки моҳи сентябри соли равон дар ноҳияи Шаҳринав корхонаи коркарди маҳсудоти нафтӣ бо иқтидори 50 ҳазор тонна дар як сол мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Минбаъд афзудани иқтидори ин корхона то коркарди 100 ҳазор тонна нафти хом дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, айни замон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ сохтмони корхонаи коркарди нафт бо иқтидори 50 ҳазор тонна дар як сол идома дорад. Ин корхона дар Конибодом ба истифода дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки айни замон талаботи Тоҷикистон ба маҳсулоти нафтӣ дар як сол беш аз 800 ҳазор тоннаро ташкил дода, ҳаҷми зиёди он аз Русия ворид карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.