Прокуратураи генералӣ: Имомназаров бар асари инфиҷор кушта шуд

Имомназар Имомназаров рӯзи 22-юми август бар асари таркиш дар манзили истиқоматии худ дар ш.Хоруғ ба ҳалокат расид, – чунин аст шарҳи расмии Прокуратураи генералии ҶТ дар робита ба ин ҳодиса. Дар идомаи иттилои Прокуратураи генералӣ зикр мегардад, ки ин ҳодиса аз ҷониби гурӯҳи тафтишотӣ-фаврии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар шаҳри Хоруғ фаъолият […]

ASIA-Plus


Имомназар Имомназаров рӯзи 22-юми август бар асари таркиш дар манзили истиқоматии худ дар ш.Хоруғ ба ҳалокат расид, – чунин аст шарҳи расмии Прокуратураи генералии ҶТ дар робита ба ин ҳодиса.

Дар идомаи иттилои Прокуратураи генералӣ зикр мегардад, ки ин ҳодиса аз ҷониби гурӯҳи тафтишотӣ-фаврии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар шаҳри Хоруғ фаъолият дорад, мавриди санҷиш қарор дода шуда, аз натиҷааш чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

Имомназар Имомназаров яке аз пешвоёни ғайрирасмии Бадахшон маҳсуб меёфт. Субҳи рӯзи 22-юми август ӯ дар манзилаш бо сабабҳои то ҳол норӯшан кушта шуд. Ҳамчунин наздикони ӯ, аз ҷумла бародараш низ захмӣ шуда, ба беморхона мунтақил гардидаанд. То ҳанӯз аз ҷониби кӣ сурат гирифтани ин ҳамла маълум нест.

И.Имомназаров муддати 20 сол аст, ки маъюби гурӯҳи аввал буда, мустақилона роҳ рафтан барояш ғайриимкон буд.

Ёдрас мекунем, ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон Имомназар Имомназаровро дар қатори боз се нафар пешвоёни ғайрирасмии Бадахшон – Толиб Айёмбеков, Ёдгор Мамадасламов ва Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров ба қочоқи маводи мухаддир, сангҳои қиматбаҳо, хариду фурӯши одамон, ташкили гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, гаравгонгирӣ ва саркашӣ аз пардохти қарзҳои бонкӣ муттаҳам намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.