Идомаи гирдиҳамоӣ дар шаҳри Хоруғ

Нимаи дуюми дирӯз дар назди бинои ҳукумати вилоят дар шаҳри Хоруғ дар робита ба куштори пешвои ғайрирасмии Бадахшон Имомназар Имомназаров гирдиҳамоӣ идома ёфт. Ҷасади кушташуда низ аввал ба майдони Ваҳдат оварда шуда, сипас ба хок супурда шуд. Ба андешаи коршиносони маҳаллӣ, шумори тазоҳургарон якчанд ҳазор нафарро ташкил медод. Дар гирдиҳамоӣ аз истеъфои раиси ВМКБ ва […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми дирӯз дар назди бинои ҳукумати вилоят дар шаҳри Хоруғ дар робита ба куштори пешвои ғайрирасмии Бадахшон Имомназар Имомназаров гирдиҳамоӣ идома ёфт. Ҷасади кушташуда низ аввал ба майдони Ваҳдат оварда шуда, сипас ба хок супурда шуд.

Ба андешаи коршиносони маҳаллӣ, шумори тазоҳургарон якчанд ҳазор нафарро ташкил медод. Дар гирдиҳамоӣ аз истеъфои раиси ВМКБ ва интихоби роҳбари соҳибэҳтиром аз ҷониби худи мардум сухан меравад. Тазоҳургарон ҳукуматдоронро ба даст доштан дар куштори И.Имомназаров ва ҳамчунин риоя накардани шартҳои ҳосилшуда дар гуфтушунид оид ба халъи силоҳ ва хурӯҷи нерӯҳои низомӣ айбдор мекунанд.

Дар гирдиҳамоӣ роҳбари Бунёди Оғо Хон дар Тоҷикистон Ёдгор Файзов низ суханронӣ кард. «Имомназар Имомназаров марди ҳақиқӣ буда, бо итоат ба дархости Оғо Хон силоҳашро таслим намуд ва то ба ҳалокат расидан онро дигар ба даст нагирифт, – гуфт вай. – Имомназаров метавонист дар гирду атрофаш одамони зиёдеро ҷамъ оварда, онҳоро мусаллаҳ созад, вале ӯ ба ин амал даст назада, шаби ҳамла наздаш касе набуд».

Роҳбари Бунёди Оғо Хон дар Тоҷикистон ҳамчунин гуфт: «Имрӯз мо боифтихор метавонем бигӯем, ки мардуми Бадахшон тамоми талаботи ҳукуматдоронро  ба иҷро расонид. Аз ин баъд мардуми ин сарзамин комилан ҳуқуқ доранд, ки хурӯҷи нерӯҳои низомиро талаб намоянд. Мардум худ тақдирашро ҳал хоҳад кард. Ҷавонони мо худашон тартибот дар шаҳрро таъин мекунанд. Айни замон мо бо ҳукуматдорон доир ба хурӯҷи нерӯҳои низомӣ ба мувофиқа расидем».

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои радиои «Озодӣ», сокинони деҳоту маҳаллаҳои аҳолинишини наздики шаҳри Хоруғ ва Рӯшон низ ба сафи эътирозгарон мепайванданд. Ин манбаъ менависад, сокинони шаҳр ба нишони эътироз ва нобоварӣ ба ҳукумати Тоҷикистон ба сохтани сангарҳо дар кӯчаҳои шаҳр оғоз намудаанд.

Ёдрас мекунем, ки субҳи дирӯз ҳудуди садҳо нафар ҷавонон, ки дар маросими ба хок супурдани Имомназар Имомназаров ҳузур доштанд, назди бинои ҳукумати вилоят дар шаҳри Хоруғ гирдиҳам омаданд. Аз издиҳом ба суӣ бино сангафканӣ оғоз гардид. Дар посух тирпарронӣ сурат гирифта, дар натиҷа ду тан аз тазоҳургарон аз пояшон захмӣ шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.