Гуфтугӯи озоди «Бидуни миёнаравон»-и душанбегиҳо бо раиси шаҳр

Ин замон дар шаҳри Душанбе вохӯрии раиси пойтахт бо сокинони шаҳр идома дорад. Гуфтугӯи озоди «Бидуни миёнаравон», ки бо ташаббуси худи Маҳмадсаид Убайдуллоев сурат гирифт, дар маркази равобити «Пойтахт» ҷараён дорад. Тайи ду ҳафтаи ахир беш аз 400 нафар сокинони пойтахт дар саҳифаи раиси пойтахт дар шабакаи Facebook сабтином гардиданд. Бо дархости раиси шаҳри Душанбе […]

Меҳрангез Турсунзода


Ин замон дар шаҳри Душанбе вохӯрии раиси пойтахт бо сокинони шаҳр идома дорад. Гуфтугӯи озоди «Бидуни миёнаравон», ки бо ташаббуси худи Маҳмадсаид Убайдуллоев сурат гирифт, дар маркази равобити «Пойтахт» ҷараён дорад.

Тайи ду ҳафтаи ахир беш аз 400 нафар сокинони пойтахт дар саҳифаи раиси пойтахт дар шабакаи Facebook сабтином гардиданд. Бо дархости раиси шаҳри Душанбе сокинон мувофиқи имкон қаблан суолҳои худро ба саҳифаи чорабинӣ ирсол намуданд, то ки ӯ дар ҳамдастӣ бо роҳбарони сохторҳои салоҳиятнок ба онҳо посухҳои ҳамаҷонибаву қаноатбахш омода созад.

Дар ҳамин ҳол, барои касоне, ки ба иштирок дар ин вохӯрӣ имкон надоранд, дар сомонаи

http://www.mometavonem.tj/video/

пахши видеоии вохӯрӣ бо раиси шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст.

Тавре аз хадамоти матбуотии раиси пойтахт қаблан хабар дода буданд, Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор намудани вохӯриро барои табодули афкор ва баррасии масоили муҳими шаҳрдорӣ, мушкилоти мавҷуда ва посух ба суолҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа пешниҳод намуда буд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили амалисозии Нақшаи генералии шаҳр, бартараф кардани манзилҳои истиқоматии фарсудаву кӯҳна, симои ояндаи пойтахт, вазъи роҳҳои мошингарди шаҳр ва фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин ба мушкилоти мавҷуда дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, лоиҳаи инноватсионии шаҳрии Mometavonem.tj ва таъмини ғановати бозори истеъмолӣ бо маводи ғизоии мавриди ниёзи аввалияи мардум таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.