Эълони аксияи «33 китоб барои толибилм» аз ҷониби «Азия-Плюс»

Date:


Бо кӯмаки аҳли ҷомеа, мутахассисон, омӯзгорон, директорони мактаб, зиёиён ва олимон Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» ният дорад, ки барои мутолиаи толибилмони синнусоли аз 15 то 17-солаи макотиби таҳсилоти умумӣ рӯйхати 33 нусха китобро тартиб диҳад.

Ба рӯйхат китобҳои адабиёти классикии тоҷику рус ва ҷаҳон, асарҳои бадеӣ, маърифатӣ ва динӣ шомил мегарданд. Ин китобҳо барои мутолиаи беруназсинфӣ тавсия дода мешаванд. Давомнокии марҳилаи аввал 1 моҳ – аз 1 то 30-юми сентябр ва марҳилаи дуюм 10 рӯз – аз 1 то 10-уми октябрро ташкил медиҳад.

Дар марҳилаи аввал тамоми хоҳишмандон метавонанд мустақилона рӯйхати китобҳоро омода созанд. Миқдори китобҳо дар он метавонад аз 33 адад зиёдтар бошад. Дар марҳилаи дуюм аз тамоми китобҳои пешниҳодшуда тавассути ҳисоби оддӣ 33 нусхаи китобҳои бештар зикршуда интихоб мегарданд.

Оҷонсӣ ният дорад, ки ин чорабиниро дар ҳамдастӣ бо Вазорати маорифи ҷумҳурӣ баргузор намояд, Аз ин рӯ, аз тамоми шаҳрвандоне, ки сатҳи саводнокиву маърифати насли наврас барояшон муҳим аст, даъват менамояд, ки дар ин чорабинӣ саҳм гиранд.

Бо зикри маълумоти ҳарчи бештар дар бораи китоби тавсиядодаатон, аз ҷумла номи китоб, муаллифи он ва сабаби муфид будани мутолиаи он барои толибилмон ба мо мактуб ирсол намоед. Мактубро метавонед тавассути почтаи электронӣ ба суроғаи [email protected] ё бо нишонии ш.Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, ошёнаи 2-юм фиристед.

Ҳамчунин пешниҳоду тавсияҳои худро метавонед дар поварақи ин саҳифа низ ҷой бидиҳед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...