Эълони аксияи «33 китоб барои толибилм» аз ҷониби «Азия-Плюс»

Бо кӯмаки аҳли ҷомеа, мутахассисон, омӯзгорон, директорони мактаб, зиёиён ва олимон Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» ният дорад, ки барои мутолиаи толибилмони синнусоли аз 15 то 17-солаи макотиби таҳсилоти умумӣ рӯйхати 33 нусха китобро тартиб диҳад. Ба рӯйхат китобҳои адабиёти классикии тоҷику рус ва ҷаҳон, асарҳои бадеӣ, маърифатӣ ва динӣ шомил мегарданд. Ин китобҳо барои мутолиаи беруназсинфӣ […]

ASIA-Plus


Бо кӯмаки аҳли ҷомеа, мутахассисон, омӯзгорон, директорони мактаб, зиёиён ва олимон Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» ният дорад, ки барои мутолиаи толибилмони синнусоли аз 15 то 17-солаи макотиби таҳсилоти умумӣ рӯйхати 33 нусха китобро тартиб диҳад.

Ба рӯйхат китобҳои адабиёти классикии тоҷику рус ва ҷаҳон, асарҳои бадеӣ, маърифатӣ ва динӣ шомил мегарданд. Ин китобҳо барои мутолиаи беруназсинфӣ тавсия дода мешаванд. Давомнокии марҳилаи аввал 1 моҳ – аз 1 то 30-юми сентябр ва марҳилаи дуюм 10 рӯз – аз 1 то 10-уми октябрро ташкил медиҳад.

Дар марҳилаи аввал тамоми хоҳишмандон метавонанд мустақилона рӯйхати китобҳоро омода созанд. Миқдори китобҳо дар он метавонад аз 33 адад зиёдтар бошад. Дар марҳилаи дуюм аз тамоми китобҳои пешниҳодшуда тавассути ҳисоби оддӣ 33 нусхаи китобҳои бештар зикршуда интихоб мегарданд.

Оҷонсӣ ният дорад, ки ин чорабиниро дар ҳамдастӣ бо Вазорати маорифи ҷумҳурӣ баргузор намояд, Аз ин рӯ, аз тамоми шаҳрвандоне, ки сатҳи саводнокиву маърифати насли наврас барояшон муҳим аст, даъват менамояд, ки дар ин чорабинӣ саҳм гиранд.

Бо зикри маълумоти ҳарчи бештар дар бораи китоби тавсиядодаатон, аз ҷумла номи китоб, муаллифи он ва сабаби муфид будани мутолиаи он барои толибилмон ба мо мактуб ирсол намоед. Мактубро метавонед тавассути почтаи электронӣ ба суроғаи [email protected] ё бо нишонии ш.Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, ошёнаи 2-юм фиристед.

Ҳамчунин пешниҳоду тавсияҳои худро метавонед дар поварақи ин саҳифа низ ҷой бидиҳед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.