Мулоқоти раиси Кумитаи Имдод бо вазири меҳнати Тоҷикистон

Дар шаҳри Душанбе вохӯрии вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов бо раиси Кумитаи байнулмилалии имдоди Имом Хумайнии Эрон Ҳусейн Анворӣ баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи вазорати мазкур хабар доданд, дар вохӯрӣ масоили дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти бозомӯзии кадрҳо, омӯзиши аҳолии ҷумҳурӣ ба касбҳои нав, роҳандозии тиҷорат, таъмини қишри […]

Аваз Юлдошев


Дар шаҳри Душанбе вохӯрии вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов бо раиси Кумитаи байнулмилалии имдоди Имом Хумайнии Эрон Ҳусейн Анворӣ баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи вазорати мазкур хабар доданд, дар вохӯрӣ масоили дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти бозомӯзии кадрҳо, омӯзиши аҳолии ҷумҳурӣ ба касбҳои нав, роҳандозии тиҷорат, таъмини қишри ниёзманди аҳолии ҷумҳурӣ бо доруворӣ ва  расонидани кӯмаки ғизоӣ ба онҳо баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо аз фаъолияти пурсамари 17-солаи кумита дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки танҳо дар соли равон Кумитаи байнулмилалии имдоди Имом Хумайнӣ ба 630 оилаи эҳтиёҷманди Тоҷикистон бо маводи доруворӣ, маблағи пулӣ, масолеҳи сохтмон ва маводи ғизоӣ кӯмак кардааст.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз соли 2007 Кумитаи имдод дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Ваҳдат, Хоруғ, Хуҷанд ва ноҳияҳои Рашту Нуробод марказҳои омӯзиши касб барои занон ифтитоҳ намудааст, ки айни замон муваффақона фаъолият доранд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.