Вохӯрии дипломати тоҷик бо конгрессмени амрикоӣ

Чанде қабл мулоқоти сафири Тоҷикистон дар ИМА Нуриддин Шамсов бо вакили конгресс Ҷозеф Питтз барпо гардид. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ба муносибати ёдбуди 11-умин солгарди қурбониёни фоҷиаи террористӣ дар шаҳри Ню-Йорк, ки соли 2001 рух дод, сафир аз номи роҳбарият ва ҳукумати кишвар ба Ҷозеф Питтз изҳори ҳамдардӣ кард. Таъкид гардид, ки […]

ASIA-Plus


Чанде қабл мулоқоти сафири Тоҷикистон дар ИМА Нуриддин Шамсов бо вакили конгресс Ҷозеф Питтз барпо гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ба муносибати ёдбуди 11-умин солгарди қурбониёни фоҷиаи террористӣ дар шаҳри Ню-Йорк, ки соли 2001 рух дод, сафир аз номи роҳбарият ва ҳукумати кишвар ба Ҷозеф Питтз изҳори ҳамдардӣ кард. Таъкид гардид, ки баъд аз ин ҳодиса Тоҷикистон ва ИМА бо азму иродаи қавӣ тасмим гирифтанд, ки дар амри муборизаи оштинопазир бар зидди терроризми байналмилалӣ ва зуҳуроти он дар паҳлӯи ҳамдигар биистанд ва дар ин самт ҳамкории зич ва шариконаро ба роҳ монанд. Ӯ Ҷозеф Питтзро оид ба иқдомҳои Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти минтақавӣ ва эҳёи Афғонистон, ҳамкории кишвар бо ИМА дар самтҳои мухталиф, аз он ҷумла татбиқи пружаҳои энергетикӣ, сохтмони роҳҳои транзитӣ ва пулҳо, демократикунонӣ, тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонӣ ва ғайра шинос кард.

 Ҷозеф Питтз дар навбати худ таъкид кард, ки ШМА саъю талошҳои ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти минтақавӣ ва кӯмак ба Афғонистон дастгирӣ менамояд ва доимо ҷонибдори рушди муносибатҳои шарикона ва гуногунҷанбаи дуҷониба бо Тоҷикистон мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.