Маҳкумияти сокини навбатии деҳаи Қизил Нишон барои узвият дар ҲИӮ

Суди ноҳияи Қубодиён сокини навбатии деҳаи Қизил Нишон Аслиддин Наврӯзовро ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари маҳкумшуда Толиб Ортиқов хабар дод, А.Наврӯзовро суд дар содир намудани ҷинояти ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша (моддаи 187, қ. 2-и КҶ ҶТ) гунаҳкор донистааст. «Ба андешаи тафтишот, А.Наврӯзов ба сафи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) шомил гардида, […]

Сайраҳмон Назриев


Суди ноҳияи Қубодиён сокини навбатии деҳаи Қизил Нишон Аслиддин Наврӯзовро ба 8 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари маҳкумшуда Толиб Ортиқов хабар дод, А.Наврӯзовро суд дар содир намудани ҷинояти ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша (моддаи 187, қ. 2-и КҶ ҶТ) гунаҳкор донистааст. «Ба андешаи тафтишот, А.Наврӯзов ба сафи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) шомил гардида, мутназам бо ҳаммаслакони худ, ки барои узвият ба ин ҳаракат мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд, дар тамос будааст, аммо дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва ҳам дар мурофиаи судӣ гуноҳи зерҳимояи ман исбот нагардид», – гуфт вай.

Ба қавли Ортиқов, суд ба далелҳои овардаи ҷониби ҳимоя эътибор надода, А.Наврӯзовро ба 8 соли зиндон маҳкум кардааст ва ӯ аз болои ҳукми суд ба зинаи болоӣ шикоят бурданист.

Ёдрас мекунем, ки А.Наврӯзов санаи 5-уми майи соли равон ба гумони узвият дар ҲИӮ боздошт шуда буд. Аз оғози сол панҷ нафар сокинони деҳаи Қизил Нишон ба узвият дар ин ҳаракат гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлатҳои то 9 сол равона зиндон шуданд.

Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, айни замон беш аз 20 нафар сокинони деҳаи Қизил Нишон таҳти пайгарди қонунӣ қарор доранд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.