Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти «Чоргонаи Душанбе» дар Исломобод

Рӯзномаҳои покистонии The Nation ва The Express Tribune иттилоъ медиҳанд, ки санаи 2-юми октябр дар Исломобод нишасти чоруми ба истилоҳ «Чоргонаи Душанбе» бо иштироки сарони кишварҳои Покистону Афғонистон ва Тоҷикистону Русия баргузор мешавад. Бино ба тахмини васоити ахбори умуми Покистон, дар нишасти Исломобод сарони кишварҳо Осиф Алӣ Зардорӣ, Ҳомид Карзай, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин […]

Аваз Юлдошев


Рӯзномаҳои покистонии The Nation ва The Express Tribune иттилоъ медиҳанд, ки санаи 2-юми октябр дар Исломобод нишасти чоруми ба истилоҳ «Чоргонаи Душанбе» бо иштироки сарони кишварҳои Покистону Афғонистон ва Тоҷикистону Русия баргузор мешавад.

Бино ба тахмини васоити ахбори умуми Покистон, дар нишасти Исломобод сарони кишварҳо Осиф Алӣ Зардорӣ, Ҳомид Карзай, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба масъалаи ҳалли мушкилоти Афғонистон бештар таваҷҷуҳ хоҳанд кард.

Хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон алҳол ин масъаларо ҳеҷ шарҳу тавзеҳе надодааст.

Ёдрас мекунем, ки чунин шакли ҳамкории Афғонистону Покистон ва Тоҷикистону Русия соли 2009 бори нахуст дар Душанбе заминагузорӣ шуда, «Чоргонаи Душанбе» номгузорӣ шуд.

Пас аз як сол «чоргона» дар шаҳри Сочи гирдиҳам омада, дар ин нишаст масоили таъмини амният, мубориза бо терроризму, қочоқи маводи нашъаовар ва роҳандозии ҳамкориҳои иқтисодӣ баррасӣ шуданд. Аз ҷумла сарони кишварҳо лоиҳаи энергетикии CASA 1000 (Central Asia — South Asia–1000)-ро, ки ба таъмини Покистон бо нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон тавассути қаламрави Афғонистон имкон фароҳам месозад, баррасӣ намуданд.

Аввали моҳи сентябри соли гузашта дар пойтахти Тоҷикистон нишасти сеюми сарони кишварҳои «Чоргонаи Душанбе» баргузор шуда, дар он масоили роҳандозии ҳамкориҳои минтақавии чаҳор кишвар матраҳ шуданд. Ба масоили ҳамориҳои мутақобила дар самти таъмини амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.