Баррасии имкони таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса дар Душанбе


Чанде қабл вазири молияи Тоҷикистону Сафаралӣ Наҷмиддинов бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон Диде Леруа мулоқот кард.

Бино ба маълумоти котиботи Вазорати молия, дар ҷараёни мулоқот атрофи масоили муҳим ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар сурат гирифта, ба масъалаи андешидани чораҳои мушаххас дар самтҳои ҷудогонаи амалисозии лоиҳаи сохтмони терминали Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Дар вохӯри ҳамчунин масоили рушду ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои молия, сиёсати андозбандӣ ва ҷалби сармоягузорӣ, ҳамкории техникиву фарҳангӣ, омодасозии кадрҳо ва табодули таҷриба дар бахшҳои гуногуни иқтисоду молия матраҳ шуданд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳаҷми умумии муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Фаронса каме бештар аз 2,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки қариб пурра ба воридоти маҳсулот аз Фаронса рост меояд. 

spot_imgspot_img

Популярное