Ифтитоҳи намоишгоҳи маҳсулоти содиротии Чин дар Тоҷикистон

Дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и пойтахт намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти содиротии вилояти мухтори Синҷону Уйғури Чин ба кор шурӯъ кард, ки бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ва дастгирии ҳукумати Тоҷикистон созмон дода шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ муовини аввали нахуствазири кишвар Матлубхон […]

Аваз Юлдошев


Дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и пойтахт намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти содиротии вилояти мухтори Синҷону Уйғури Чин ба кор шурӯъ кард, ки бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ва дастгирии ҳукумати Тоҷикистон созмон дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ муовини аввали нахуствазири кишвар Матлубхон Давлатов изҳор кард, ки Тоҷикистон ба воридоти технологияву таҷҳизоти муосир, таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳкориву сабук, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра манфиатдор аст.

«Ин намоишгоҳ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи соҳибкорони тоҷик қарор гирифта, барои густариши ҳамкориҳои минбаъдаи доираҳои тиҷоратии ду кишвар имкони хуб фароҳам хоҳад сохт», – гуфт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳ ҳудуди 300 номгӯйи маҳсулоти 70 ширкати Чин аз қабили таҷҳизоти электротехникӣ, технологияҳои компютериву рақамӣ, маҳсулоти саноату сабуку кишоварзӣ, мошинсозӣ, масолеҳи сохтмону мебел ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Дар намоишгоҳ ҳамчунин маҳсулоти ширкатҳои сохтмону роҳ, техникаи маишӣ, мошинҳои кишоварзӣ, таҷҳизоти тиббӣ, сарулибосу пойафзол, маҳсулоти ғизоӣ, маводи мавриди истифодаи умум ва ғайра низ пешкаш мегарданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1931 – Корхонаи шароббарории Душанбе, ки нахустин завод дар қисмати марказии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, ба истифода дода шуд. Соли 1957 – Аввалин...

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.