Дастури нахуствазир ҷиҳати ба истифодаи ангишт гузаштани корхонаҳои Хатлон

Чанде қабл нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонро доир намуд. Дар ҷаласа роҳбарони шаҳру навоҳӣ ва корхонаву муасиссаҳои тамоми бахшҳои хоҷагии халқи вилоят ширкат варзида, ба онҳо ҷиҳати омодагии мактабу бемористон ва дигар иншооти иҷтимоӣ ба мавсими зимистон супоришҳои мушаххас дода шуд. Оқил Оқилов […]

Аваз Юлдошев, Сайраҳмон Назриев


Чанде қабл нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонро доир намуд.

Дар ҷаласа роҳбарони шаҳру навоҳӣ ва корхонаву муасиссаҳои тамоми бахшҳои хоҷагии халқи вилоят ширкат варзида, ба онҳо ҷиҳати омодагии мактабу бемористон ва дигар иншооти иҷтимоӣ ба мавсими зимистон супоришҳои мушаххас дода шуд.

Оқил Оқилов супориш дод, ки баҳри сарфаи нерӯи барқ, ки камбуди шадиди он дар ин давра эҳсос мегардад, ҳамаи корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ба истифодаи ангишт гузаронида шаванд.

Зимни ҳисоботи муовини раиси вилояти Хатлон Абдуҷаббор Баҳодуров зикр гардид, ки аллакай 25 корхонаи саноатии вилоят ба истифодаи ангишт гузашта, баҳри фаъолияти мунтазам дар фасли зимистон ба таври кофӣ ангишт захира намудаанд.

Бино ба маълумоти вай, дар зарфи 8 моҳи соли равон корхонаҳои саноатии вилоят ба маблағи 1 млрд. 859,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки 120%-и нақшаи пешбинишударо ташкил дода, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 313, 3 млн. сомонӣ зиёдтар аст.

Муовини раиси вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки то ахири сол мавриди истифода қарор гирифтани 99 корхонаи нав дар вилоят пешбинӣ шуда, аз оғози сол 73 корхонаву коргоҳ аллакай ба фаъолият шурӯъ кардаанд, ки дар онҳо 1 ҳазору 53 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд.

Оқил Оқилов ҷиҳати афзоиши ҷойҳои корӣ, дастгирии соҳибкороне, ки баҳри истеҳсолот маблағгузорӣ карланианд, дастурҳои мушаххас дод. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.