Ифтитоҳи клиникаи ҳуқуқӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Чанде қабл дар Душанбе бо ёрии молиявии Хазинаи Аврупо-Осиё дар Осиёи Марказӣ, дар доираи лоиҳаи «Баробарӣ дар назди қонун: Дастрасӣ ба адолати судӣ», ки аз тарафи Вазорати корҳои хориҷӣ амалӣ карда мешавад, клиникаи ҳуқуқӣ кушода шуд. Тавре аз намояндагии Хазинаи Аврупо-Осиё дар Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон хабар доданд, дар клиника 30 донишҷӯи факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ ва […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Душанбе бо ёрии молиявии Хазинаи Аврупо-Осиё дар Осиёи Марказӣ, дар доираи лоиҳаи «Баробарӣ дар назди қонун: Дастрасӣ ба адолати судӣ», ки аз тарафи Вазорати корҳои хориҷӣ амалӣ карда мешавад, клиникаи ҳуқуқӣ кушода шуд.

Тавре аз намояндагии Хазинаи Аврупо-Осиё дар Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон хабар доданд, дар клиника 30 донишҷӯи факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ ва 4 нафар устодони донишгоҳ кор хоҳанд кард. Ҳаррӯза 5 донишҷӯ ба сокинони мӯҳтоҷи давлат ёрии ҳуқуқии бемузд мерасонанд. Маслиҳатҳо аз тарафи донишҷӯёни курсҳои болоӣ бо сарварии муаллимони ботаҷриба дода мешавад.

Клиникаи ҳуқуқӣ – ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, мақсади он  ёрии бемузд расонидан ба аҳолӣ мебошад. Аслан клиникаҳои ҳуқуқӣ дар назди мактабҳои олӣ кушода мешавад, то ки ба донишҷӯён имконияти гирифтани таҷрибаи  мушовирӣ, ба устодон бошад, сатҳи корозмудагии худро нигоҳ дошта, дониши назариявиро дар амал нишон диҳанд.

Дар маросими кушодашавии клиника проректор оид ба таълим, Абдусалом Миралиев, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналхалқӣ Қудрат Давлатов, декани факултаи ҳуқуқ – Эмомалӣ Насурдинов, раиси Хазинаи Аврупо-Осиё дар Осиёи Марказӣ, Равшан Абдуллоев ва менеҷери лоиҳаи «Баробарӣ дар назди қонун: Дастрасӣ ба адолати судӣ» Азимҷон Сайфиддинов ва донишҷӯёни донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.