Иҷлосияи 67-уми Маҷмаъи кулли СММ ба кор шурӯъ кард

Чанде қабл дар Ню-Йорк Иҷлосияи 67-уми Маҷмаъи кулли Созмони Милали Муттаҳид ба кор шурӯъ кард. Рӯзномаи иҷлосия беш аз 150 масоил, аз ҷумла мусоидат ба рушди устувори кишварҳо, таъмину дастгирии сулҳу амният, риояи реҷаи пешгирии паҳншавии аслиҳаи ҳастаӣ, дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва рушди ҳуқуқи байнулмилалиро дар бар мегирад. Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳ раиси […]

Пайрав Чоршанбиев


Чанде қабл дар Ню-Йорк Иҷлосияи 67-уми Маҷмаъи кулли Созмони Милали Муттаҳид ба кор шурӯъ кард.

Рӯзномаи иҷлосия беш аз 150 масоил, аз ҷумла мусоидат ба рушди устувори кишварҳо, таъмину дастгирии сулҳу амният, риояи реҷаи пешгирии паҳншавии аслиҳаи ҳастаӣ, дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва рушди ҳуқуқи байнулмилалиро дар бар мегирад.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳ раиси иҷлосия, собиқ вазири корҳои хориҷии Сербия Вук Еремич изҳор дошт, ки тайи 12 моҳи минбаъда масъалаи бо роҳи сулҳу салоҳ танзим ё ҳал намудани баҳсҳои байнулмилалӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор хоҳад дошт.

Ӯ дарёфти воситаҳои ҳарчи зудтар ҳал гардидани мушкилоти ҳифзи ҳуқуқи занону кӯдакон ва маъюбону аҳолии бумӣ, таҳкими мубориза бо терроризмро таъкид дошта, иброз дошт, ки дар давраи раёсати ӯ конвенсияи фарогиру ҳамаҷониба оид ба терроризм ба тасвиб хоҳад расид. «Маҷмаъи кулли СММ чун пештара дар пешбурду ҳифзи ҳуқуқи инсон нақши муҳим хоҳад дошт», – гуфт ӯ.

Дар навбати худ Дабири кулли СММ Пан Ги Мун гуфт, иштирокчиёни иҷлосияро лозим меояд, ки мушкилоти зиёди таъхирнопазири глобалии марбут ба пешбурди рушди устувор, бекорӣ, афзоиши нобаробарӣ, ташаннуҷ ва таҳаммулнопазирӣ дар саросари ҷаҳонро мӯшикофона бараасӣ намоянд.

Пан Ги Мун аз пешниҳоди раиси иҷлосияи 67-уми Маҷмаъи кулли СММ бобати дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштани масъалаи бо роҳи сулҳу салоҳ танзим ё ҳал намудани баҳсҳои байнулмилалӣ истиқбол намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.