Даъвати Э.Раҳмон аз «авторитетҳо»-и Бадахшон бобати пардохти қарзи бонкҳо

Дар вохӯрӣ бо фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки мустақиман тавассути шабакаҳои телевизион айни замон пахш шуда истодааст, сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки дар Хоруғ афроди бонуфузе ҳастанд, ки қарзҳои пулии давлатро барнамегардонанд ва шояд дар ин айби президент ҳам бошад, зеро соли 2008 зимни сафар ба Хоруғ ӯ ба «Амонатбонк» супориш дода […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар вохӯрӣ бо фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки мустақиман тавассути шабакаҳои телевизион айни замон пахш шуда истодааст, сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки дар Хоруғ афроди бонуфузе ҳастанд, ки қарзҳои пулии давлатро барнамегардонанд ва шояд дар ин айби президент ҳам бошад, зеро соли 2008 зимни сафар ба Хоруғ ӯ ба «Амонатбонк» супориш дода буд, ки баҳри рушди соҳибкорӣ ба онҳо маблағи пулӣ ҷудо намояд.

«Барои бекор намондан ман чанде аз онҳоро ба сохторҳои низомӣ ба кор таъин кардам, вале нагуфтаам, ки 400-500 ҳазор сомонӣ қарз гиреду онро барнагардонед», – изҳор дошт президент.

Ба гунаи мисол президент аз қарзи шаҳрванд Гулдарбоғова, ҳамсари бародари бузурги яке аз шахсони бонуфузи Бадахшон Ёдгор Мамадасламов ёдовар шуд, ки айни замон қарзи ӯ ба 700 ҳазор сомонӣ расидааст. Ӯ ҳамчунин қарзи писари Толиб Айёмбеков аз «Амонатбонк» дар ҳаҷми 565 ҳазор сомониро хотиррасон намуда, иброз дошт, ки айни замон аз «Амонатбонк» дар маҷмӯъ 1 млн. 265 ҳазор сомонӣ қарздорӣ мавҷуд аст ва агар ин маблағҳо баргардонида мешуданд, ҳозир 200 нафар тоҷирон соҳиби пулу ҷойи кор мегардиданд.

«Бо кадом асос онҳо қарзро барнамегардонанд? Охир ин пулҳои давлат аст ва пули давлат пули аҳолӣ мебошад. Ман ба он гунаҳкорам, ки барои ба тиҷорат машғул шудани онҳо ҷудо кардани маблағро супориш додам, вале нагуфтаам, ки онҳо ба қочоқи маводи мухаддир машғул шаванду ба ҷиноят даст зананд ва ғайриқонунӣ зиндагӣ кунанд», – таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.