Мусодираи 2 кг героин дар пойтахту 9 кг ҳашиш дар Восеъ

Зимни амалиёти махсуси кормандони милисаи ноҳияи Восеъ дар қаламрави истгоҳи роҳи оҳан сокини 32-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ Амиршо Гулаҳмадов ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар бордони автомашинаи тамғаи «Нексия»-и ӯ халтаи дорои 8,8 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид. Ба […]

ASIA-Plus


Зимни амалиёти махсуси кормандони милисаи ноҳияи Восеъ дар қаламрави истгоҳи роҳи оҳан сокини 32-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ Амиршо Гулаҳмадов ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар бордони автомашинаи тамғаи «Нексия»-и ӯ халтаи дорои 8,8 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.

Ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз аз ҷониби кормандони мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомони пойтахт сокини маҳаллаи Испечаки пойтахт Бобур Давлатов низ дастгир карда шуд, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалатаи ӯ 1 килою 990 грамм маводи сахттаъсири «героин» дарёфт ва мусодира карда шуд. Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.