Дар Ғончӣ мактаби аз ҳисоби аҳолӣ бунёдёфта ба истифода дода шуд


Дар деҳаи Овчии ноҳияи Ғончӣ бо иштироки раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода маросими мавриди истифода қарор гирифтани мактаби аз ҳисоби скоинони маҳаллӣ бунёдгардида баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, мактаби мазкур дар заминаи таълимгоҳи №19-и деҳа бо ташаббуси раёсати хоҷагӣ, саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ, мардуми деҳа ва меҳнати худи омӯзгорону хонандагони ҳарду мактаби деҳа ба таври ҳашар сохта шудааст. Ҳаҷми умумии маблағҳои масрафшуда барои сохтмони мактаб 500 ҳазор сомониро ташкил додааст.  Мактаб аз 10 синфхонаи иловагӣ ва 2 ҳуҷраи корӣ иборат аст.

Бобои Ҳоҷӣ Ҷумъабойи 72 сола низ шукр мекунад, ки аз ҷумлаи онҳоест, ки дар бунёди мактаби нав саҳм гузоштааст. Ӯ мактаби тозабунёдро пурра аз ҳисоби худ чароғон кардааст.

Зимни суханронӣ дар назди мардуми деҳа раиси вилоят икдоми неки бунёдкории сокинони ноҳияро ба хубӣ истиқбол намуд ва аз дастгириҳои соҳаи маориф дар сатҳи давлатӣ ҳарф зад. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки дар арафаи соли таҳсили имсола дар вилоят 135 синфхонаи иловагӣ барои 4165 ҷои нишаст сохта шудааст, ки маблағи онҳо 14 миллион сомониро ташкил медиҳад. Мактаби мазкур ҳам намунаи чунин таваҷҷӯҳ аст.

Қоҳир Расулзода инчунин  изҳор дошт, ки аз ҳисоби буҷаи вилоятӣ  барои таъмири Хонаи саломатии деҳа маблағ ҷудо карда мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное