Дар Ғончӣ мактаби аз ҳисоби аҳолӣ бунёдёфта ба истифода дода шуд

Дар деҳаи Овчии ноҳияи Ғончӣ бо иштироки раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода маросими мавриди истифода қарор гирифтани мактаби аз ҳисоби скоинони маҳаллӣ бунёдгардида баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, мактаби мазкур дар заминаи таълимгоҳи №19-и деҳа бо ташаббуси раёсати хоҷагӣ, саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ, мардуми деҳа ва меҳнати худи омӯзгорону хонандагони ҳарду […]

Мавлуда Рафиева


Дар деҳаи Овчии ноҳияи Ғончӣ бо иштироки раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода маросими мавриди истифода қарор гирифтани мактаби аз ҳисоби скоинони маҳаллӣ бунёдгардида баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, мактаби мазкур дар заминаи таълимгоҳи №19-и деҳа бо ташаббуси раёсати хоҷагӣ, саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ, мардуми деҳа ва меҳнати худи омӯзгорону хонандагони ҳарду мактаби деҳа ба таври ҳашар сохта шудааст. Ҳаҷми умумии маблағҳои масрафшуда барои сохтмони мактаб 500 ҳазор сомониро ташкил додааст.  Мактаб аз 10 синфхонаи иловагӣ ва 2 ҳуҷраи корӣ иборат аст.

Бобои Ҳоҷӣ Ҷумъабойи 72 сола низ шукр мекунад, ки аз ҷумлаи онҳоест, ки дар бунёди мактаби нав саҳм гузоштааст. Ӯ мактаби тозабунёдро пурра аз ҳисоби худ чароғон кардааст.

Зимни суханронӣ дар назди мардуми деҳа раиси вилоят икдоми неки бунёдкории сокинони ноҳияро ба хубӣ истиқбол намуд ва аз дастгириҳои соҳаи маориф дар сатҳи давлатӣ ҳарф зад. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки дар арафаи соли таҳсили имсола дар вилоят 135 синфхонаи иловагӣ барои 4165 ҷои нишаст сохта шудааст, ки маблағи онҳо 14 миллион сомониро ташкил медиҳад. Мактаби мазкур ҳам намунаи чунин таваҷҷӯҳ аст.

Қоҳир Расулзода инчунин  изҳор дошт, ки аз ҳисоби буҷаи вилоятӣ  барои таъмири Хонаи саломатии деҳа маблағ ҷудо карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.